Сураи Қадр Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кадр Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қадр Ояти 4

تَنَزَّلُ الۡمَلٰٓٮِٕكَةُ وَالرُّوۡحُ فِيۡهَا بِاِذۡنِ رَبِّهِمۡ‌ۚ مِّنۡ كُلِّ اَمۡرٍ ٤

Таназзалу-л-малаикату ва-р-руҳу фӣҳа би изни Раббиҳим-м мин кулли амр. 4.

4. Дар он шаб фариштагон ва Рӯҳ бо ҳукми Парвардигорашон аз барои саранҷоми ҳар кор фурӯ меоянд.

Яъне фариштагон ба хусус Руҳул Қуддус номи Ҷабраил (а) бо амри илоҳӣ барои иҷрои ҳар амре, ки Парвардигор аз ин сол то соли дигар барои бандагон тақдир кардааст, ба Замин фуруд меоянд. Бошандагони рӯйи Заминро бо хайру баракати азим файзбор месозанд. Инчунин ҳалқаҳои зикрро иҳота мекунанд ва парҳои хешро барои таъзим ва нигоҳ доштан аз шарри шайтон ба болои толибон ва амали солеҳкунандагон паҳн месозанд. Ин ваҷҳи дувум аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қадр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қадр Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қадр Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)