Тафсири Сураи Баййина / Баййинах – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Баййинаҳ 98-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 8 оят иборат аст.
Ин сураро “Лам якун” низ мегӯянд ва он се масъаларо баён мекунад.
Аз омадани Расулаллоҳ (с) аҳли китоб чиро интизор буданд ва баъди омадани ӯ (с) кадом роҳро ихтиёр карданд?
Мавзӯи дигар мавзӯи ихлос ҳангоми ибодати Аллоҳ (ҷалла ва ало) аст. Инчунин, мавзӯи бозгашти ҳамаи некбахтон ва бадбахтон дар охират ба сӯйи Ӯ таъоло баррасӣ мегардад.
Ин сураи карима аз аҳволи яҳудиёну насрониён сухан оғоз мекунад. Инчунин инсонҳоро даъват мекунад, ки агар зикру ибодат ва амалҳояшон холис барои Худо бошад, фоидабахш аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Баййинаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «