Сураи Каҳф Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 102

أَفَحَسِبَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنْ يَتَّخِذُوا عِبَادِي مِنْ دُونِي أَوْلِيَاءَ ۚ إِنَّا أَعْتَدْنَا جَهَنَّمَ لِلْكَافِرِينَ نُزُلًا ١٠٢

А-фаҳасиба-л-лазӣна кафару ая яттахизу ъибадӣ мин дунӣ авлийаъ. Инна аътадна Ҷаҳаннама лил кафирӣна нузула. 102.

102. Оё кофирон аз шиддати буғз пиндоштанд, ки бандагони Маро ба ғайри Ман дӯст бигиранд (мӯҷиби уқубат набошанд?!) Ҳаройина, Мо Дӯзахро барои кофирон ҷои фуруд омадани онҳо омода сохтаем.

Ояти мазкур ба яке аз нуқтаҳои асосие, ки сабаби гумроҳии кофирон аст, ишора намуда гуфтааст, ки оё кофирон пиндоштанд, ки ба ҷуз Ман бандагони Маро (яъне, Исо (а), Узайр (а) ва фариштагонро) ба худ дӯст (яъне илоҳ) гиранд, оё ин андешаи номумкинашон муҷиби гумроҳи онҳо ва сабаби азобашон нест? Албатта, ин ақидаи нодурусти онҳо сабаби ба азоб гирифтор шудани онҳост. Онҳо бояд бидонанд, ки бо чунин ақидаву рафтор кофиранд. Ҷаҳаннам бисёр ҷойгоҳи бадест, ки Мо барои пазироии чунин кофирон омада сохтаем. Чун кофирон вориди он мешаванд ва мехоҳанд ба ҷойгоҳи худ раванд бо анвоъи азобҳо пазироӣ мешаванд. Калимаи «нузула» асосан барои пазироии меҳмони олиқадр ба кор бурда мешавад. Дар ин оят ба кор бурдани он барои истеҳзои кофирон аст. Дар оятҳои охири сураи мазкур сухан дар бораи меъёр (ченак)-и амалҳо ва инсонҳо меравад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)