Тафсири Сураи Кахф Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 110
قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ يُوحَىٰ إِلَيَّ أَنَّمَا إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۖ فَمَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَالِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا ١١٠
Қул иннама ана башару-м мислукум йуҳа илайя аннама Илаҳукум Илаҳу-в Ваҳид. Фаман кана ярҷу лиқаа Раббиҳӣ фал-яъмал ъамалан салиҳа-в ва ла юшрик би ъибадати Раббиҳӣ аҳада. 110.
110. Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ман монанди шумо одамиам, ба сӯйи ман ваҳй фиристода мешавад, ки маъбуди шумо ҳамон маъбуди якто аст, пас, ҳар кас мулоқоти Парвардигори худро умед дорад, бояд, ки кори писандида бикунад ва дар ибодати Парвардигори хеш ҳеҷ касро шарик наёрад».
Назди муфассирон ояти мазкур фушурдаи ҳама оятҳои ин сура буда дар меҳвари се мавзӯъ давр мезанад, ки иншоаллоҳ ҳангоми эзоҳи ояти мазкур ба онҳо ишора мешавад. Сабаби нузули ин оятро аксари муфассирон гуфтаанд, ки шахсе ба ҳузури Расулуллоҳ (с) ҳозир шуда гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Ман дар роҳи Худо садақа медиҳам, силаи раҳм мекунам ва ин амалҳоро фақат барои ризои Аллоҳ ба ҷо меорам. Аммо ҳангоме ки мардум аз ин амалҳои ман сухан мекунанд, хушҳол мешавам. Ин амалҳои ман чӣ мешаванд?». Расулаллоҳ (с) дарҳол ҷавоб нагуфтанд, балки сукутро ихтиёр карданд. Ҳамоно ҷузъи ояти мазкур «…пас, ҳар касе ба лиқои Павардигори худ умед дорад…», нозил шуд. Яъне танҳо он амале мақбули даргоҳои Худованд аст, ки ихлоси комил ҳамроҳи ӯ бошад. Худованд дар ин оят Расули Худ (с)-ро хитоб намуда гуфтааст, ки ба он саволдиҳандагоне, ки туро аз қиссаи асҳоби Каҳф ва Зулқарнайн мепурсиданд, бигӯ, ки ман Худо ё фаришта нестам, ман ҳам мисли шумо башар (инсон)-ам. Илми ғайбро намедонам. Локин фарқ байни ман ва шумо дар он аст, ки ба ман ваҳйи илоҳӣ меояд. Агар Худованд бо ваҳйи Худ маро огоҳ намекард, аз куҷо медонистам, ки асҳоби Каҳф, ё Зулқарнайн кистанд. Ё бе ваҳйи Илоҳӣ аз ҳоли онҳо чӣ тавр ба шумо хабар медодам? Эй мушрикон! Ваҳйе, ки бар ман омадааст, ин аст, ки донед, ки Худои шумо яккаву ягонааст, шарик надорад. Худоро яккаву ягона донистан (тавҳид), аслу асоси дини Ислом аст. Ҳама амалҳои солеҳ дар охират бе тавҳид ҳеҷ фоидае надоранд. Тавҳид мисли ҷон дар тани инсон, рӯҳи ҳама амалҳои шоистааст. Дар давоми оят омадааст, ки ҳар касе, ки умеди дидани Павардигори худро дошта бошад, пас, бояд, ки амалҳои солеҳ (нек)-ро анҷом диҳад. Ҳар коре, ки шариати Ислом бар хайр будани он раҳнамоӣ ва таъкид карда, анҷомдиҳандаи онро сазовори савоб муъаррифӣ карда бошад, он амалро амали солеҳ (нек) гуфта мешавад. Дар он сурате амал, амали солеҳ ҳисобида мешавад, ки дар ҳолати иҷрои он ба ғайри ризои Аллоҳ, ризои ҳеҷ кас, хоҳ накӯкор бошаду хоҳ бадкирдор, чи ҳайвон бошаду чи ҷимод, дар назар дошта нашавад. Зеро риё амалро ботил мекунад. Дар охир боз барои таъкиди бештар Худованд гуфтааст, ки набояд ҳангоми Парвардигорро ибодат кардан, касеро шарики Ӯ ҳисобед.
Дар инҷо ибодат ба маънои ом аст. Ҳама корҳои писандидаи шаръро дар бар мегирад. Мисли намоз, рӯза, ҳаҷ, закот, назр, қурбонӣ ва дигар амалҳои нек. Хулоса, то ихлоси ҳақиқӣ дар амал ҳамроҳ нашавад, дар зоҳир амали солеҳ бошад ҳам, аммо дар асл чунин амал ботилу бесавоб аст. Дар ҳадиси шариф бо ривояти Имом Аҳмад ва Ибни Саъд аз Абӣ Саъид ибни Абӯфазолаи Ансорӣ (р) омадааст, ки ӯ гуфт: «Аз Расули Худо (с) шунидам, ки фармуданд: «Дар он рӯзе, ки дар омадани он ҳеҷ шакке нест, Худованд ҳама пешиниёну пасиниёнро гирд меоварад, ҷорзанандае ҷор мезанад: Ҳар касе ба Худо дар вақти иҷрои амал касеро шарик қарор дода бошад, ҳоло барои ӯ дар ин ҷо ҳеҷ савобе нест, бояд савобашро аз ғайри Аллоҳ талаб кунад. Зеро Худованд ҳаргиз ба шарик ниёз надорад». Дар мазмуни ҳадиси шариф омадааст: “Рӯзи қиёмат амалҳои авлоди Одамро дар номаҳои муҳрзада дар пешгоҳи Худованд арза медоранд.” Худованд мефармояд: “Ин якеро дур афганед ва он якеро пеш оваред.” Фариштагон мегӯянд: «Павардигоро! Ба Зоти Ту қасам, мо аз вай ҷуз кори хайр чизи дигаре надидаем». Худованд мефармояд, ки «Оре! Вале амали вай барои ғайри ризои Ман буд ва Ман имрӯз фақат он амалеро мепазирам, ки ҳадаф аз он холис барои ризои Ман буд».
«Имом Муслим, Имом Насоӣ ва Имом Аҳмад аз Абӯдардо (р) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳар касе хондани даҳ ояти охири сураи «Каҳф»-ро одат кунад, аз фитнаи Даҷҷол дар амон мемонад». Дар дигар ҳадис омадаст: «Даҳ ояти аввали сураи «Каҳф»-ро ёд кунад аз фитнаи Даҷҷол дар амон мемонад». Бо ривояти Ҳофиз Абӯ Бакр ибни Мурдавия, ки аз Ибни Умар (р) ва ӯ (р) аз Пайғамбар (с) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Ҳар касе рӯзи ҷумъа сураи «Каҳф»-ро хонад, рӯзи қиёмат аз болои қадамҳои ӯ нуре медурахшад, ки фалакро рӯшноӣ медиҳад ва агар аз ҷумъа то ҷумъаи дигар байни онҳо хатогие сар зада бошад, бахшида мешаванд».
Хулоса, дар шаъни сураи Каҳф ҳадисҳои бисёр аст, ки яке қувватбахши дигар аст. Дигар ин ки он чи дар мазмуни ин сура гузашт, дарси ибрат буд. Бинобарин, бузургон ҳар рӯз бо дарки маъно хондани даҳ ояти аввал, ё даҳ ояти охири ин сура ва ҳар рӯзи ҷумъа аз сари сура то охир хондани онро тавсия карданд. Ва лилоҳил ҳамд.
ПОЁНИ СУРАИ «КАҲФ».
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «