Тафсири Сураи Кахф Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 79
أَمَّا السَّفِينَةُ فَكَانَتْ لِمَسَاكِينَ يَعْمَلُونَ فِي الْبَحْرِ فَأَرَدْتُ أَنْ أَعِيبَهَا وَكَانَ وَرَاءَهُمْ مَلِكٌ يَأْخُذُ كُلَّ سَفِينَةٍ غَصْبًا ٧٩
Амма-с-сафӣнату фа канат ли масакӣна яъмалуна фи-л-баҳри фа аратту ан аъӣбаҳа ва кана варааҳум-м малику-я яъхузу кулла сафӣнатин ғасба. 79.
79. Аммо киштӣ, аз они дарвешони чанде буд, ки дар дарё кор мекарданд, пас, хостам, ки онро маъюб кунам ва пеши рӯи онҳо подшоҳе буд, ки ҳар киштии дурустро бо зӯрдастӣ мегирифт.
Аз мазмуни ин оят то ояти 82-юм сирҳое, ки байни Хизр (а) ва Мӯсо (а) буд, эзоҳ мешаванд. Хизр (а) нахуст аз достони киштӣ шурӯъ карда гуфт, ки киштие, ки ман тахтаашро кандам, киштии як гурӯҳ мардуми камбағал буд. Дар дарё бо он кор мекарданд, ғайри он моли дигаре надоштанд. Онҳо заъиф буданд ва аз золимон худро дифоъ карда наметавонистанд. Дар самти ҳаракати киштӣ подшоҳи золиме буд, агар киштиҳои мардум дуруст мебуданд, бо зарби зӯр мегирифту дар хизмати худ ба кор меандохт. Ба ҷои аз киштӣ тамоман маҳрум шудан, бо киштие, ки андак маъюб аст, кор кунанду ризқу рӯзии худро ёбанд, беҳтар нест? Оё кори хуб кардам ё кори гуноҳ?
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «