Сураи Каҳф Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 78

قَالَ هَٰذَا فِرَاقُ بَيْنِي وَبَيْنِكَ ۚ سَأُنَبِّئُكَ بِتَأْوِيلِ مَا لَمْ تَسْتَطِعْ عَلَيْهِ صَبْرًا ٧٨

Қола ҳаза фироқу байнӣ ва байник. Са унаббиука би таъвӣли ма лам тастатиъ-ъ-ъалайҳи сабро. 78.

78. (Хизр) Гуфт: «Ин аст ҷудоӣ дар миёни ману ту. Туро ба сирри он чӣ натавонистӣ ба он сабр кунӣ, хабар хоҳам дод.

Хизр (а) гуфт, ки бино ба гуфтаи худат вақти ҷудо шудан аз якдигар фаро расида аст. Ҳикмат ва рози ин се масъаларо бароят тавзеҳ медиҳам, ки ту дар мавриди онҳо ба ман эътироз кардӣ ва натавонистӣ дар баробари онҳо сабр кунӣ. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фаромуданд: «Худованд бар Мӯсо (а) бибахшояд, ман дӯст доштам, ки ӯ сабр мекард, то Худои азза ва ҷалла боз ҳам аз ахбори он ду мард бар мо ҳикоят мекард». Хулоса, ба Мӯсо (а) собит шуд, ки илме, ки Хизр (а) дорад, дигар аст ва илми худ вай дигар. Вале бо вуҷуди ин ҳам аз фироқи устоде, ки синааш махзани асрор, суҳбаташ мояи баракат, суханҳояш дарсу ҳикмат, рафтораш илҳомбахш, нури Худо дар пешонааш дурахшон, дилаш ганҷинаи илму ирфон аст, осон нест, сахт дарднок шуд. Агарчи воқиъят талх буд, локин бояд Мӯсо (а) онро бичашад. Зимни ояти мазкур муфассири маъруф Абдулфутуҳ Розӣ чунин гуфтааст: «Дар хабар омадааст, ки аз Мӯсо (а) пурсиданд, ки дар муддати умре, ки то ҳол ба сар бурдаӣ, аз ҳама сахттар мушкилоти даврони замони ту чӣ буд?». Мӯсо (а) ба норасогиҳои даврони Фиръавн ва гирифториҳои қавми бани Исроил ишора карда гуфт: «Ҳеҷ яке аз онҳо, вақто ки аз Хизр (а) хабари фироқу ҷудоиро шунидам, сахттар набуд». Онгоҳ Хизр (а) ба тафсиру таъвили корҳои худ пардохта, сирри амалҳои худро ба Мӯсо (а) гуфт, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)