Сураи Каҳф Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 80

وَأَمَّا الْغُلَامُ فَكَانَ أَبَوَاهُ مُؤْمِنَيْنِ فَخَشِينَا أَنْ يُرْهِقَهُمَا طُغْيَانًا وَكُفْرًا ٨٠

Ва амма-л ғуламу факана абаваҳу муъминайни фа хашӣна ая юрҳиқаҳума туғйана-в ва куфро. 80.

80. Аммо он навҷавонро падару модараш мусалмон буданд, пас, тарсидам аз он, ки (мабодо) бар онҳо дар саркашӣ ва куфр ғолиб ояд.

Сипас Хизр (а) ба баёни сирри ҳодисаи дувум, яъне қатли навҷавон пардохта гуфт, ки аммо он навҷавоне, ки ман ӯро ба қатл расонидам, падару модари ӯ боимону мусалмон буданд. Агар он навҷавон ба воя мерасид, кофиру фоҷир шуда сабаби куфру гумроҳии волидайни худ мешуд. Худованд нахост ин навҷавон падару модари худро аз роҳи имон берун барад ва ба туғёну куфр водор кунад. Аз ин бало халос будани онҳо иродаи Худованд буд. Қатли вай аз тарафи Худованд ба ман амр шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)