Тафсири Сураи Кахф Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 84
إِنَّا مَكَّنَّا لَهُ فِي الْأَرْضِ وَآتَيْنَاهُ مِنْ كُلِّ شَيْءٍ سَبَبًا ٨٤
Инна макканна лаҳу фи-л-арЗи ва атайнаҳу мин кулли шай-ин сабаба. 84.
84. Ҳаройина, Мо ӯро дар Замин дастрасӣ додаем ва ӯро дар ҳар чиз сомоне додем.
Мо ба Зулқарнайн дар рӯйи Замин, қудрат, нуфуз ва бартарӣ додем. Ӯ соҳиби ҳокимият, сарват ва сарбози бисёр буд. Ба ӯ аз ҳар чизе асбобҳо, воситаҳо ва илми лозима ато кардем. Ӯ имконият дошт ҳар куҷо хоҳад, биравад ва ҳар гуна хоҳад амал кунад.
Гурӯҳе аз муфассирон гуфтаанд, ки Зулқарнайн ҳамон Искандарӣ Мақдонӣ (Македонӣ) аст. Баъзе гуфтаанд, ки Куруши Кабир аст. Гурӯҳи дигар гуфтаанд, ки бинобар оятҳои сареҳ Зулқарнайн подшоҳи муъмин, солеҳ ва одил буд, дар ҳоле ки Искандарӣ Мақдунӣ ва Куруши кабир дар ин сифат набуданд. Баъзе гуфтаанд, ки Зулқарнайн пайғамбар буд. Хулоса, ҷамиъи муфассирон дар муъмину солеҳ будани Зулқарнайн итифоқ доранд. Аммо саҳеҳ он аст, ки ӯ пайғамбар нест. Оятҳои қуръонӣ дар бораи шахсияти Зулқарнайн ва замону макон ва ойинаи вай чизе нагуфтаанд. Зеро ҳадаф аз достони ӯ ибрат гирифтан аст. Ин ҳадаф ба ҳамин миқдор оятҳои қуръонӣ, ки дар бораи ӯ нозил шудаанд, ба даст меояд. Мо вориди баҳсҳои дигарон нашудем. Ояти зер идомаи ояти қаблист.
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «