Сураи Каҳф Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 83

وَيَسْأَلُونَكَ عَنْ ذِي الْقَرْنَيْنِ ۖ قُلْ سَأَتْلُو عَلَيْكُمْ مِنْهُ ذِكْرًا ٨٣

Ва яс-алунака ъан зи-л-қарнайни қул са атлу ъалайкум-м минҳу зикро. 83.

83. Ва туро аз Зулқарнайн савол мекунанд, бигӯ: «Бар шумо аз ҳоли вай хабаре хоҳам хонд».

Қаблан қайд шуд, ки мушрикони Қурайш бо пешниҳоди яҳудон аз Муҳаммад (с) се савол кардаанд; яке дар бораи рӯҳ (ҷон), дувум дар бораи асҳоби Каҳф, севум дар хусуси Зулқарнайн. Ҷавобҳои ду саволи аввал қаблан зикр шуданд. Ҷавоби саволи севум дар 16 ояти сураи мазкур (аз ояти 83-юм то ояти 98-ум) зикр шудааст. Пеш аз он, ки ба шарҳи ояти мазкур шурӯъ намоем, қайд намудан лозим аст, ки дар бораи шахсияти Зулқарнайн, давраи ҳукмронии ӯ, ҷойгиршавии давлати ӯ (ва ғайра), таърихнигорон, олимон ва муфассирон фикрҳои гуногун ва мухталиф баён кардаанд. Дар ҳоле, ки на аз оятҳои Қуръон ва на аз ҳадисҳои саҳеҳ ин маълумотҳоро ба даст овардан ғайри имкон аст. Пас, ин суолҳо ва ҷавоби онҳо барои ақидаи муъмин аҳамияти ҷиддӣ надоранд. Қуръони карим аз қисса ва достонҳо он миқдор баён мекунад, ки барои инсонҳо фоидаи динӣ ва ё дунявӣ дошта бошад. Саҳеҳтарин ахбори Зулқарнайнро Қуръон баён кардааст.

Худованд дар ояти мазкур фармудааст, ки ай Муҳаммад, (с) (мушрикон) дар бораи Зулқарнайн аз ту савол мекунанд, ки достонаш чӣ гуна буд? Дар ҷавоб ба онҳо бигӯ, ки достон ва хабарашро дар асоси ваҳйи илоҳӣ ба шумо бозгӯ хоҳам кард.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)