Тафсири Сураи Кахф Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 93
حَتَّىٰ إِذَا بَلَغَ بَيْنَ السَّدَّيْنِ وَجَدَ مِنْ دُونِهِمَا قَوْمًا لَا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ قَوْلًا ٩٣
Ҳатта иза балаға байна-с-саддайни ваҷада мин дуниҳима қавма-л ла якадуна яфқаҳуна қавла. 93.
93. То вақте ки дар миёни ду кӯҳ расид. Ҷониби ду кӯҳ гурӯҳеро ёфт, ки наздик набуд, ки суханеро бифаҳманд.
Зулқарнайн ҳангоми ҳаракат ба самти шимол то назди ду кӯҳ расид. Фаросӯи он ду кӯҳ қавмеро ёфт, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд, магар бо машаққати зиёд. Зеро онҳо аз назари фикрӣ ақибмонда, аз назари тамаддун дар сатҳи паст буда, забони аҷибе доштанд. Сухани онҳоро бе тарҷимон фаҳмидан душвор буд.
Бояд қайд намуд, ки дар Қуръони карим дар бораи маҳалли ҷойгиршавии он ду кӯҳ маълумот нест. Аз ин сабаб байни муфассирон оид ба маҳалли ҷойгиршавии ин ду кӯҳ ихтилоф ҳаст. Чун он қавм шаъну шукӯҳи Зулқарнайнро диданд, ҳоҷати худро аз ӯ пурсида…
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «