Сураи Каҳф Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 98

قَالَ هَٰذَا رَحْمَةٌ مِنْ رَبِّي ۖ فَإِذَا جَاءَ وَعْدُ رَبِّي جَعَلَهُ دَكَّاءَ ۖ وَكَانَ وَعْدُ رَبِّي حَقًّا ٩٨

Қола ҳаза раҳмату-м ми-р-Раббӣ. Фа иза ҷаа ваъду Раббӣ ҷаъалаҳу даккаъ. Ва кана ваъду Раббӣ ҳаққо. 98.

98. Гуфт: «Ин санъат неъматест аз Парвардигори ман, пас, чун ваъдаи Парвардигори ман биёяд, онро ҳамвор кунад ва ваъдаи Парвардигори ман рост аст».

Дар ҳақиқат аз силсилаоятҳое, ки дар бораи ин марди бузург, ва ин шахси таърихӣ дар Қуръони карим омадааст, фаҳмида шуд, ки агарчанде ӯ дар муддати умри худ бисёр корҳои муҳим ва иншооти боҳашаматеро сохтаасту анҷом додааст, локин ҳеҷ гоҳ тибқи равиши мутакаббирон рафтор накардааст, на мубоҳот кардаасту на ба худ болидааст ва на касеро миннате ниҳодааст, на барои худ сарват ҷамъ кардааст. Ӯ марди Худо буд. Бо камоли фурӯтанӣ ва бо одоби хос изҳор доштааст, ки раҳмати Парвардигор ҳамроҳи мо буд, ки мо тавонистем чунин корҳоро анҷом диҳем. Агарчи илму огоҳӣ дорам ва тавонистам чунин корҳои муҳимро анҷом диҳам, локин ин ҳама аз тарафи Парвардигори ман аст ва ин масолеҳе, ки дар ихтиёри ман аст ин ҳам аз баракати раҳмати Парвардигор аст. Ман чизе надорам, то бар хештан биболам ва кори муҳимме накардаам, ки бар гардани бандагони Худо миннат гузорам! Зулқарнайн дар давоми суханаш изофа карда, ба мардуми аз озори Яъҷуҷ Маъҷуҷ наҷотёфта гуфт, ки аз ин корҳои ман таъаҷуб накунед, гумон ҳам накунед, ки ин садде, ки ҳоло ин ҷо сохтаем, бо ин ҳашамате, ки дорад, абадист. На! Ҳангоме ки фармони Парвардигорам дар остонаи қиёмат даррасад ва амр ба хуруҷи Яъҷуҷу Маъҷуҷ шавад, ин садд дар ҳам кубида мешавад ва ба як сарзамини софу ҳамвор мубаддал мегардад. Ва ваъдаи Худованд ҳаққасту баргаштнопазир аст.

Дар бораи дар куҷо будани сади Зулқарнайн ривоятҳои гуногуни таърихнигорон ва муфассирон мавҷуданд. Ҷамъбасти хулосаи ин ривоятҳо то ҳол ба чаҳор садд ишора менамоянд;

а) Девори бузурги Чин (Хитой)

б) Садде қариби Бухоро ва Термиз

в) Садде дар Доғистон (Русия)

г) Садде дар дараи Дорёл, кӯҳҳои Қафқоз.

Бояд қайд намуд, ки на оятҳои Қуръон ва на ҳадисҳои саҳеҳ ба бартарии ҳеҷ кадоме аз онҳо ишора намекунанд. Инчунин имкон дорад, ки сади Зулқарнайн то ҳол аз тарафи муаррихон кашф нашуда бошад. Пас, ба чунин хулоса меоем, ки ҳоло дар рӯйи Замин касе аниқ гуфта наметавонад, ки сади Искандар дар куҷост. Бо ҳамин қиссаи Зулқарнайн дар инҷо ба охир расид.

Табиист, ки дар охири ин қисса ҳар хонанда савол медиҳад, ки Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ кадом қавманд ва дар куҷоянд? Дар ин бора суханони аҷоиб ва ғароиб дар ривоятҳои исроилӣ ва таърихӣ вуҷуд доранд. Дар ин ривоятҳои таърихнигорон ва ҷуғрофиядонон, ки баъзе муфассирон аз онҳо истифода бурдаанд, ҳам имконияти дуруст будан ва ҳам нодуруст будан ҳаст. Ривоятҳо бо ҳам ихтилоф доранд. Бояд қатъиян таъкид намоем, ки дуруст, ё нодуруст будани ривоятҳо ба тавзеҳи оятҳои Қуръон ҳеҷ таъсир надорад.

Ончи ба он имон овардан ва эътиқод доштан лозим аст, дар Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ баён шудаанд.

Аз оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ то ин ҳад маълум аст, ки;

а) Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ монанди умуми мардум инсонанд, аз авлоди Ёфис писари Нӯҳ (а)-анд ва ба шакли қабила ва қавмҳои гуногун дар маконҳои мухталиф зиндагӣ кардаанд. Он қисме, ки ваҳшӣ буданд, дар замони Зулқарнайн аз дигар мардум бо садд ҷудо шудаанд.

б) Ин қавми ваҳшӣ то қиёмат дар он тарафи садд боқӣ мемонанд.

в) Адади онҳо хеле зиёд аст.

г) Замони наздикшавии қиёмат, пас аз фуруд омадани Исо (а)… Садди Зулқарнайн вайрон мешавад.

Идомаи хулосаҳо ҳангоми шарҳи ояти баъдӣ, иншоаллоҳ, баён мегардад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)