Сураи Қалам Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Калам Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қалам Ояти 11

هَمَّازٍ مَّشَّآءٍۢ بِنَمِيۡمٍۙ‏ ١١

Ҳаммази-м машшаин би намӣм. 11.

11. (Ва) ҳар айбгирандаро (ва) ҳар равандаро ба суханчинӣ,

Ҳамчунин Худованд пайғамбари Худ (с)-ро мефармояд, ки ашхоси хурдагиру айбгиранда ва ғайбаткунанда, ки бо ин амалашон гушти бародарони худро мехӯранд пайравӣ макун, ҳамчунин на ба наммому суханчинон, ки суханро аз як маҷлис ба маҷлиси дигар мебаранд, то нифоқ дар роҳи Худо воқеъ кунанд итоат макун зеро онҳо низ ҳақиру фоҷиранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қалам Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қалам Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)