Сураи Қалам Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Калам Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қалам Ояти 13

عُتُلٍّ ۢ بَعۡدَ ذٰلِكَ زَنِيۡمٍۙ ١٣

Ъутуллин баъда залика занӣм. 13.

13. (Ва) ҳар сахтрӯю баъд аз ин мулҳақ ба қавме (ҳаромзодае)-ро

Яъне касро, ки беору бешарму берӯ буда, сахтдилу бефаҳм аст илова бар ин сифатҳои бади вай ин аст, ки ибни зино (ҳаромзода) ҳам ҳаст, ки ин сахттарин ва қабеҳтарин сифат аст, итоат накун! Фардеро, ки насаби саҳеҳ надорад арабҳо ӯро “даъӣ” (омад) мегӯянд. Ин ишора ба ал-Валид ибни Муғира аст, ки тайи 18 сол касе намедонист писари кист. Чун ӯ ба сини 18 расид танҳо нафаре изҳор дошт, ки ӯ яъне ал-Валид писари ман аст. Маълум аст, ки чун нутфа хабис бошад валад ҳам хабис мешавад. Вақто ки ин сифоти хабиса дар ӯ баръало зоҳир аст, чунин шахсро итоат макун!!!

Дар ривоят омадааст, ки чун ин оёт нозил шуд Валид назди модари худ омад ва гуфт: “Худои Муҳаммад маро ба 9 сифат муаррифӣ кардааст, ки ҳамаи он дар ман зоҳир аст магар якто маро мегӯяд, ки занимӣ ҳастӣ. Агар росташро ба ман нагӯйи, бо ин корд саратро аз танат ҷудо месозам.” Модараш гуфт: Падарат инин (ҳез) буд, аз дасташ кори шаб намеомад, барои зоеъ нашудани молу мерос баъд аз сарамон, як чӯпонро бар худам қодир гардонидам ва ту валади ӯ ҳастӣ.” Баъди ин Валид фаҳмид, ки дар ҳақиқат ҳаромзоидашуда аст. Ва он 9 сифат инаст:

1. Ҳаллоф – бисёр қасамхӯр.

2. Маҳин – бадгумон, дуруғгӯй.

3. Ҳаммоз – мардумонро айб кунанда,

4. Машоим бинамим – суханчин.

5. Маноъин лилхайр – монеъи хайру эҳсон

6. Муътадим – таҷовузкор.

7. Асим – сергуноҳ, пургуноҳ.

8. Утулин – дағал муомила.

9. Заним – ҳаромзоидашуда.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қалам Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қалам Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)