Сураи Қалам Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Калам Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қалам Ояти 33

كَذٰلِكَ الۡعَذَابُ‌ؕ وَلَعَذَابُ الۡاٰخِرَةِ اَكۡبَرُ ‌ۘ لَوۡ كَانُوۡا يَعۡلَمُوۡنَ ٣٣

Казалика-л-ъазаб. Ва ла ъазабу-л-ахирати акбар. Лав кану яъламун. 33.

33. Ҳамчунин аст азоб (-и дунё). Кош медонистанд, ки ҳамоно, азоби охират (аз ин ҳам) бузургтар аст.

Яъне мисли азобе, ки ба аҳли бӯстон нозил шуд, дар рӯзи Бадр ба Қурайшиҳо низ азоб нозил шуд. Албатта, боз азоби охират аз азоби дунё сахттару бузургтар аст. Агар назди онҳо ақлу фаҳм бошад мефаҳманд.

Ибни Аббос (р) гуфта, ки ин мисол барои мушрикони Макка аст, ки аз Макка хориҷ шуда аҳд карданд, ба Бадр меравем то Муҳаммад (с)-ро накӯшем ба Макка пас намегардем ва асҳобашро низ бояд ҳалок созем. Онҳо хамр нӯшида ҳофизаҳо ва раққосаҳо ҳамроҳи худ гирифта, хеле мастигарӣ карданд. Худованд гумони онҳоро бар зидди худашон равона сохт, ки ҳам кушта, ҳам асир ва ҳам олудаву оғуштаи хун шуданд. Давоми қиссаро дар дигар сура Худо хоҳад мехонем. Дар давоми сура Аллоҳтаъоло аз ҳоли муъминони ботақво, ки дар охират барои онҳо боғу бӯстонҳо омода шудааст, ки дар онҳо ба ғайри неъмати холис ягон чизи нофорам ба назар намерасад хотиррасон мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қалам Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қалам Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)