Тафсири Сураи Калам Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 32
عَسٰى رَبُّنَاۤ اَنۡ يُّبۡدِلَـنَا خَيۡرًا مِّنۡهَاۤ اِنَّاۤ اِلٰى رَبِّنَا رٰغِبُوۡنَ ٣٢
Ъаса Раббуна ан юбдилана хайра-м минҳа инна ила Раббина роғибун. 32.
32. Умед аст, ки Парвардигори мо барои мо бӯстоне беҳтар аз ин бӯстон иваз диҳад, ҳаройина, мо ба сӯйи Парвардигори худ рағбаткунандагонем».
Соҳибони боғ аз Худои худ ноумед нагаштанд, балки гуфтанд, ки мо мағфирату хайру эҳсони Худовандро ба чашм медорем, умед аст, ки бар ивази ин боғи сӯхта ба мо бӯстони беҳтареро насиб кунад. Зеро мо майл ва рағбат ба сӯйи Худои худ дорем.
Валлоҳу аълам мақсад аз қисса ин аст, ки ба дигарон ибрат шавад то дар додани закоту садақа мумсикию бахилӣ накунанд, ки бо андаке ҳарисӣ ва сарпечӣ аз адои закоту баъзе таъовуноти (ёриҳои) динӣ тамоми мол барбод меравад ва азоби Худо фурӯ меояд. Дигар дасти надомат бар сар зананд ҳам, лекин фоидае нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «