Тафсири Сураи Калам Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 39
اَمۡ لَـكُمۡ اَيۡمَانٌ عَلَيۡنَا بَالِغَةٌ اِلٰى يَوۡمِ الۡقِيٰمَةِ ۙ اِنَّ لَـكُمۡ لَمَا تَحۡكُمُوۡنَۚ ٣٩
Ам лакум айманун ъалайна балиғатун ила явми-л-қийамати инна лакум лама таҳкумун. 39.
39. Оё мар шуморо бар зиммаи Мо аҳди муҳкам аст, ки он то рӯзи қиёмат расандаву басанда аст, (ба ин мазмун, ки) албатта, он чи ҳукм кунед, барои шумост?
Оё магар миёни мову шумо аҳдномаи бовариноки мустаҳками мӯҳрзада то рӯзи қиёмат ҳаст, ки он чи мехоҳед ва ирода мекунед, ҳукм хоҳед кард, то ба шумо дода шавад? Албатта, на чунин аст, ки гуноҳ содир кунеду бо хоҳиши нафсатон ҳукм бароред. Ҳаргиз ин хел нахоҳад шуд! Ва боз мегӯед, ки мо дар қиёмат аз шумо дида болотару бошарафем!
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «