Сураи Қалам Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Калам Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қалам Ояти 38

اِنَّ لَـكُمۡ فِيۡهِ لَمَا تَخَيَّرُوۡنَ‌ۚ‏ ٣٨

Инна лакум фӣҳи лама тахайярун. 38.

38. Ки ба ростӣ он чӣ ихтиёр мекунед, шуморо дар он ҳаст?

Аллоҳтаъоло дар зимни ояти карима ба сарватмандони Қурайш суол медиҳад, ки фарз кардем чунин як китоби ғайри Қуръонӣ бар шумо нозил шуда бошад, оё он тибқи хоҳишу мақсади шумо навишта шудааст? Оё шумо онро хондеду фаҳмидед, ки ончи матлабу хоҳиши шумост, дар охират онро соҳиб мешавед? На! Ҳаргиз чунин нашудаст ва намешавад!

Ояти зер аз рӯйи ҳукму саволу инкор давоми ояти болост.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қалам Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қалам Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)