Сураи Қалам Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Калам Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қалам Ояти 49

لَوۡلَاۤ اَنۡ تَدٰرَكَهٗ نِعۡمَةٌ مِّنۡ رَّبِّهٖ لَنُبِذَ بِالۡعَرَآءِ وَهُوَ مَذۡمُوۡمٌ‏ ٤٩

Лав ла ан тадаракаҳу ниъматун ми-р-Раббиҳӣ ла нубиза би-л-ъарои ва ҳува мазмум. 49.

49. Агар ӯро раҳмате аз ҷониби Парвардигораш дарнамеёфт, албатта, ӯро дар замини бегиёҳ партофта мешуд ва ӯ бадҳол мебуд!

Агар Худованд дуои Юнус (а)-ро намешунид ва раҳматашро ба ӯ арзони намедошт вай бар як замини сӯхтаи бегиёҳ партофта мешуд. Вале раҳмати Худо ӯ (а)-ро дарёфт, ба вай тавфиқ дод, ки тавба кунад. Аз ин рӯ ба маломати Худо гирифтор нашуд.

Ривоят шуда, ки ҳазрати Юнус (а) дар Ироқ дар Найнаво ном вилоят пайғамбарӣ мекард. Аҳли он диёр бутпараст буда, аз ҳеҷ гуна гуноҳ рӯ намегардониданд. Ҳарчанд ҳазрати Юнус (а) онҳоро аз ин кор манъ карда ба сӯйи Худо даъваташон намуд ӯ (а)-ро гӯш накарданд. Пас, Юнус (а) ба худ андеша кард, ки маро дар миёни гунаҳгорон истодан дигар ҷоиз нест. Ба ин иҷтиҳоди худ амал карду тарки он диёр намуд. Чун бар лаби баҳре расид аз милоҳон хоҳиш кард ӯро бо худ гиранд. Онҳо розӣ шуданд. Дар аснои сафар тӯфон бархост. Аҳли киштӣ ҳама ба изтироб афтоданд. Гуфтанд: “Аз ин тӯфон ҳама ба ҳалокат хоҳем расид. Машварат оростанд, ки байни мо касе гунаҳгор аст, қуръа мепартоем ба номи касе, ки барояд ӯро бо мақсади қурбонӣ ба баҳр мепартоем.” Шояд итоби Ӯ таъоло буд, ки чанд дафъа қуръа партофтанд, ба номи Юнус (а) баромад. Пас ӯ (а)-ро ба баҳр ҳаво доданд. Худованд Ҳут (номи моҳӣ)-ро амр кард, ки ӯ (а)-ро фурӯ барад, аммо ҳазм насозад. Ӯ (а) дар ишками моҳӣ бошад ҳам раҳмати Ӯ таъоло ба ӯ-(а) даррасид ва ӯ (а)-ро инъом карду ба зикри худаш машғул сохт ва ӯ (а) ёди Худо мекард ва зораю тазарруъи зиёде менамуд. Худованд дуъои ӯ (а)-ро иҷобат фармуд. Дуъои ӯ (а) ин буд:

(Ла илаҳа илла анта субҳанака инни кунту миназзолимин).

Ин суханро фариштагон атрофи Арш шунида гуфтанд: “Ё рабб, ин овози заифи шинохташуда аз билоди ғариба кӣ бошад?” Аллоҳ таборака ва таъоло гуфт: “Оё намешиносед?” Гуфтанд: “Не! Ё Раббӣ.” Ӯ таъоло гуфт: “Ин бандаам Юнус аст.” Гуфтанд: “Бандае, ки ҳамеша амалҳои солеҳаш бардошта мешуд ва дуъоҳояш иҷобат мегашт, ин ҳамон аст?” Ӯ таъоло Гуфт: “Оре!” Гуфтанд! “Оё раҳмаш намекунӣ, бас ӯро аз бало наҷот диҳӣ.” Аллоҳтаъоло Ҳутро амр кард Ҳут баъди чанд муддат ӯро беозор берун аз баҳр ба Замин ниҳод.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қалам Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қалам Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)