Тафсири Сураи Калам Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 50
فَاجۡتَبٰهُ رَبُّهٗ فَجَعَلَهٗ مِنَ الصّٰلِحِيۡنَ ٥٠
Фаҷтабаҳу Раббуҳу фа ҷаъалаҳу мина-с солиҳӣн. 50.
50. Пас, ӯро Парвардигор баргузид ва аз ҷумлаи солеҳон гардонид.
Аллоҳтаъоло дуъои Юнус (а)-ро иҷобат намуда, аз торикӣ раҳояш сохт. Чун Юнус (а) нозук ва беҳолу бемадору заиф гардида буд, чанд муддат беҳуш гашт. Худованд бар вай раҳм кард ва бо мақсади аз офтоб зарар наёфтанаш дарахти сербарг -(кадӯ)-ро офарид то болои ӯ соя афканад. Ба тадриҷ ҳазрати Юнус (а) ба худ омада сиҳат ёфт. Аз Худо амр шуд, ки ба назди қавмаш баргардад. Онҳо зиёда аз 100 ҳазор буданд. Баъзе нишонаҳои азобҳое, ки Юнус (а) ба онҳо ваъда дода буд, алакай зоҳир шуда буд. Ҳама рӯ ба тавбаву тазаррӯъ оварданд. Худованд онҳоро ба сӯйи роҳи ростӣ ҳидоят намуд. Ҳазрати Юнус (а) аз зумраи солиҳин гардида, ба мартабаи пайғамбарӣ расид.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «