Тафсири Сураи Калам Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 9
وَدُّوۡا لَوۡ تُدۡهِنُ فَيُدۡهِنُوۡنَ ٩
Вадду лав тудҳину фа юдҳинун. 9.
9. (Онҳо) орзу доранд, ки мулоимат кунӣ, то нисбати ту онҳо низ нарм шаванд.
Дар дини Ислом бо мушрикон муросои ақидавӣ мумкин нест!. Мушриконанд, ки дар баъзе корҳои динӣ барои муросо хушомадро пеша мегиранд. Эй Муҳаммад (с) тавре туро пешниҳод кардаанд, ки то ту парастиши бутҳои онҳоро кунӣ ва онҳо парастиши Худои туро кунанд, ту санои буту санамҳои онҳоро гӯйи ва онҳо Худои туро ҳамду сано гӯянд, ҳеҷ гоҳ аз паи чунин таклифҳо марав, зеро ин бар заъфи ақидаашон далели рӯшан аст. Охир агар онҳо худоҳои худро бузург медонистанду аз азоби онҳо метарсиданд ҳеҷ вақт ба ибодати Худои ту розӣ намешуданд. Акнун ки бо ту дар ибодат сулҳро пеша мекунанд маълум мешавад, ки онҳо хуб медонанд, ки аз худоҳояшон на некӣ ба вуқӯъ меояд ва на бадӣ, вале ин ҳақиқатро нодида мегиранд ё дидаву дониста онро рӯпӯш мекунанд. Ҳамчунин:…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «