Сураи Қамар Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 12

وَّفَجَّرۡنَا الۡاَرۡضَ عُيُوۡنًا فَالۡتَقَى الۡمَآءُ عَلٰٓى اَمۡرٍ قَدۡ قُدِرَ‌ۚ ١٢

Ва фаҷҷарна-л-арЗа ъуйунан фа-л-тақа-л-мау ъала амрин қад қудир. 12.

12. Ва аз Замин чашмаҳоро ҷорӣ кардем, пас, бинобар амре, ки тақдир шуда буд, обҳо ҳама якҷо шуданд.

Баъди муноҷоти Нӯҳ (а) Аллоҳ таъоло дарҳои осмонро муддати 40 рӯзу шаб барои борони сел кушоду бар сари он қавми саркаш чунон об рехт, ки чунин боронро ҳеҷ кас пеш ҳам надида буд ва баъд ҳам намебинад. Дар айни замон аз тамоми гӯшаю канори Замин чашмаҳои об фавора зада, бо обҳои осмонӣ бинобар тақдире, ки дар Лавҳулмаҳфуз ҳалоки онҳо навишта шуда буд, рӯ ба рӯ омад. Ҳатто аз танур, ки оташдон аст, чашмаи об пайдо шуд, баҳри (океани) бузурге ба вуҷуд омад, дунё (рӯи Замин) барои ҳалоки он қавми саркаш то муддате зери об монд. Дар дунё ин ҳодиса чун тӯфони Нӯҳ (а) машҳур аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)