Сураи Қамар Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 20

تَنۡزِعُ النَّاسَۙ كَاَنَّهُمۡ اَعۡجَازُ نَخۡلٍ مُّنۡقَعِرٍ ٢٠

Танзиъу-н-наса ка аннаҳум аъҷазу нахли-м мунқаъир. 20.

20. Ки мардумро (аз бех) бармеканд, гӯё ки онҳо бехҳои хурмои азбехкандашудаанд.

Қавми Од мардуми бузургҷусса ва пурқуввате буданд, аммо чун боди азоб бар онҳо вазид, онҳоро аз ҷояшон бармеканд ва мисли дарахтони хурмои кандашуда ба ҳар сӯ партоб мекард.

Дар тафсири Ҳозин омада, ки он бод лашкари Аллоҳ буд ва он қавмро аз ҷой бар ҳаво бардошта, сарозер бар Замин меандохт, ки гарданҳо шикаста ва сарҳо аз тан ҷудо мегашт. Ҷисмҳои бесар дарахтҳои хурмои бе шоху барги аз Замин буридашударо мемонданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)