Сураи Қамар Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 19

اِنَّاۤ اَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيۡحًا صَرۡصَرًا فِىۡ يَوۡمِ نَحۡسٍ مُّسۡتَمِرٍّۙ ١٩

Инна арсална ъалайҳим рӣҳан сарсаран фӣ явми наҳси-м мустамирр. 19.

19. Албатта, Мо бар онҳо дар рӯзи наҳс (шум) боди тунди бағоят сахту давомнокро фиристодем,

Аллоҳ таъоло барои ҳалоки қавми Од боди «Сарсар» (бад)-ро, ки аз як тараф бисёр пуршиддат ва аз тарафи дигар басо шуму наҳс буд, фиристод. Овози он бениҳоят сахт ва ҳам бисёр хушк буд. Он боди даҳшатангез 8 рӯзу 7 шаб дар вазидан буд ва он қавми аз худрафтаро дар он рӯзҳои наҳс ҳалок намуд. Лекин он рӯзҳои наҳс ҷовидон боқӣ намонданд, балки тавре мебинем, танҳо як ҳафта бе танаффус идома доштаанду халос.

Боқиро дар ояти 7-уми сураи «Алҳоққаҳ» ва ояти 24-уми сураи «Аҳқоф» мутолеъа намоед. Ояти зер сифати ин тундбодро эзоҳ медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)