Роҳкориҳо барои муваффақ шудан

1

Барои  тамоми  ҳаёт, даври  муайяни он, вақти  муайян ва солу моҳ, ҳафта, соату дақиқа мақсад дошта бош ва мақсади муқаррариро қурбони мақсади олӣ намо!

Л. Толстой

Зиндагии инсон ҳамарӯза дар гардиш аст. Касе намедонад, ки фардо ба сари ӯ чӣ чизе рух медиҳад. Новобаста аз ин одамоне ҳастанд, ки барои муваффақ гаштан дар зиндагӣ ҳамеша талош меварзанд ва барои ба ин зина расидан устувориву мақсади ягонаро пеша мекунанд , чунки табиати инсони ҳаминро тақозо дорад. 


Ҳар як фард дар зиндагӣ муваффақ шудан мехоҳад, лекин танҳо онҳое ба мақсад мерасанд, ки дар роҳи интихобкардаашон устуворанд ва ҳамеша як мақсаду маром доранд. Ин гуна нафарон тарафҳои нокомиро фикр намекунанд ва мудом тибқи категорияи ба даст овардани комёбӣ талош меварзанд. Агар инсон дар ҳаёт ба вазъу ҳоли дар зиндагӣ доштааш одат кунад, ҳамеша ҳамон хел мемонад ва зиндагиро дар тафаккури худ ҳамон гуна ҷой медиҳад. Ба комёб шудан дигар бовар надорад. Ҳамеша фикр мекунад, ки ҳаёти ӯ дар чунин ҳол мемонад ва дигар аз ин зиёд ба пешравӣ ноил намегардад. Аммо ин тавр нест. Агар барои тағйир додани сатҳи зиндагиаш кушиш кунад, албатта, ба мақсадҳои нек мерасад. Барои ба комёбӣ расидан ва иҷро кардани мақсадҳои дар пеш буда ҳамеша роҳи муваффақ шудан ҳаст. Лекин дар баъзан ҳолат инсон аз муваффақ шудан метарсад, чунки ӯ ба ҳамон ҳоле, ки дошт одат кардааст. Бисёр вақт ба комёбӣ танҳо як қадам роҳ аст, вале инсон инро дарк намекунад ва ба фикри дигарон амал карда, аз роҳи худ даст мекашад. Инсон  бояд кӯшиш намояд, ки ба фикри худ амал кунад, чунки атрофиён дар бисёр ҳолат метавонанд роҳи комёбии дигаронро тағйир диҳанд. Дар ин бора масале чунин  аст: “Ду кӯдак дар болои дарёе, ки ях баста буд,  бо ҳам бозӣ мекарданд. Ногаҳон ях мешиканад ва яке аз кӯдакон ба об меафтад. Дигараш мехоҳад  рафиқашро наҷот диҳад. Яхи болои дарё чунон ғафс буд, ки одами калон аз ӯҳдаи шикастани он намебаромад. Аммо мақсади кӯдак танҳо наҷот додани рафиқаш буд. Аз ин хотир яхро бо дастонаш мешиканаду ӯро наҷот медиҳад. Баъдан аҳли деҳа барои пайдо кардани онҳо мераванд. Онҳо ҳодисаи ба сарашон омадаро нақл мекунанд. Касе бовар намекунад, ки як кӯдак ин яхи ғафсро шикаста бошад. Дар он ҷо пири хираде, ки бисёр доно буд, мегӯяд : “Дар ҳоли наҷот додани рафиқаш касе набуд бигӯяд, ки ин яхро шикаста намешавад. Аз ин сабаб кӯдак тавонист яхро шиканад”. Яъне мақсади асосии ин масал ҳамин аст, агар инсон як мақсад дошта бошад, танҳо ба иродаи қавӣ ва тафаккури худ амал кунад, ба осонӣ аз ӯҳдаи иҷрои он мебарояд.

Агар инсон ба мақсади дар пеш гузоштааш боварӣ дошта бошад, пас, муваффақ шуда метавонад. Саидмурод Давлатов дар китоби худ, “Тарзи фикронии одамони сарватманд ва камбизоат” чунин навиштааст: “Барои расидан ба мақсади худ бояд устуворона амал кунед. Ба умеди зуд комёб шудан набояд шудан, ё ба ҳавову ҳаваси бо роҳи сабук ба даст овардани сарват дода шудан маъно надорад. Дар бораи даромади устувор ва доимӣ андеша кардан беҳтар аст ва ин чиз ояндаи серу пури шуморо таъмин мегардонад. Устуворӣ калиди ҳама гуна комёбӣ аст. Девори бузурги Чин тариқи хишт болои хишт гузоштан бунёд шудааст. Инсон тавассути ҳар корро ба таври мураттаб анҷом додан зиндагонӣ мекунад, нафас мегирад – ғизо мехӯрад ва хоб меравад – бедор мешавад ва ғайра. Агар инсон аз қонунҳои табиат канораҷӯӣ кунад, ақлу ҳуш ва ҷисму ҷони ӯ азият мекашад. Ба онҳое нигаред, ки ба пирамидаи молиявӣ машғуланд. Чунин одамон ба ғайр аз дарду алам ва яъсу ноумедӣ чизи дигареро дастрас карда наметавонанд. Кӯдаки 5-соларо наметавон маҷбур сохт, ки фавран, дар як лаҳза бузург шуда, дар назар чун ҷавони 20-сола намудор шавад. Муваффақият низ ҳамчунин аниқ, дар вақти худ, дар натиҷаи меҳнати устуворона хоҳад расид”. Пас маълум мешавад, ки барои расидан ба мақсадҳи худ ва муваффақ шудан дар ҳаёт устуворона  талош варзид ва ҳеҷ вақт аз ноумедиҳо маъюс набояд шуд.

Ҳама кас сарватманд будан мехоҳад. Чунки сарватмандон зиндагии хубу осуда доранд  ва дар сатҳи олӣ умр ба сар мебаранд. Онҳо аз самти дигар ба зиндагӣ назар мекунанд. Дар коре ё роҳе муваффақият ба даст наоранд ҳам,  боз  як паҳлуи хуби онро андеша карда, ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунанд. Аммо нафароне, ки як бор шикаст хурданд, ноумед шуда,  аз мақсади хеш даст мекашанд. Агар мо ба ҳаёти гузаштаи сарватмандон назар кунем, мефаҳмем, ки онҳо бо талошу заҳмати зиёде он сарвату дороиро ба даст овардаанд. Яъне бе ранҷу заҳмат наметавон дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд расид. Ба даст овардани пулу сарват не, балки истифода бурдан ва нигоҳ доштани онро тавонистан лозим. Сарватманд шудан мехоҳед, мақсади амали шудани орзуҳоятонро доред, пас, ҳамеша меҳнат кунед ва бо як мақсад дар ҳаёт талош варзед. 


донишҷӯйи факултети журналистика 

УМЕДҶОНИ Каримхон 

Муваффақиятро дар 7 амали зерин дарёб

Мақолаи қаблӣ6 иморати баландтарини ҷаҳон
Мақолаи баъдӣ5 факти ҷолиб дар бораи офтоб

1 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед