Сураи Қамар Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 25

ءَاُلۡقِىَ الذِّكۡرُ عَلَيۡهِ مِنۡۢ بَيۡنِنَا بَلۡ هُوَ كَذَّابٌ اَشِرٌ‏ ٢٥

А-улқия-з-зикру ъалайҳи мин байнина бал ҳува каззабун ашир. 25.

25. Оё аз миёни мо бар ӯ насиҳате нозил карда шуд? Балки ӯ бисёр дурӯғгӯю худписанд аст».

Чун ҳазрати Солеҳ (а) ба ҳайси расули Аллоҳ худро ба қавми Самуд муаррифӣ намуд, он бадбахтон гуфтанд, ки дар миёни мо шахсоне ҳастанд, ки аз рӯи сарват ва мақом чанд маротиба аз Солеҳ болотаранд. Оё дигар касе набуд, ки Аллоҳ ӯро ба вазифаи пайғамбарӣ фиристодааст? Не, ин ҳеҷ ба ҳақиқат рост намеояд. Ин Солеҳ бисёр дурӯғгӯй ва мутакаббир аст. Аз рӯи худписандӣ мегӯяд, ки Аллоҳ маро расули худ интихоб намуда, ба ман ваҳй фиристодааст. Ӯ лофи пайғамбарӣ мезанад. Онҳо надонистанд, ки мартаба ва мақоми инсон назди Аллоҳ таъоло аз рӯи сарват ва ҷоҳу мансаб муайян намешавад ва надонистанд, ки Ӯ таъоло ба касе, ки хоҳад, лутфу марҳамати Худро арзонӣ мефармояд ва ҳеҷ кас иродаи Ӯро боздошта наметавонад.

Ҳамин тавр, хилофи иродаи Ӯ таъоло амал намуда, фиристодаи Ӯро айб бастанду айби худро надиданд ва ба ин гумроҳиашон худро мавриди азоби илоҳӣ қарор доданд, ки ояти зер мефармояд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)