Тафсири Сураи Камар Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 24
فَقَالُـوۡۤا اَبَشَرًا مِّنَّا وَاحِدًا نَّتَّبِعُهٗۤ ۙ اِنَّاۤ اِذًا لَّفِىۡ ضَلٰلٍ وَّسُعُرٍ ٢٤
Фа қолу а-башара-м минна ваҳидан-н-наттабиъуҳу инна иза-л-лафӣ Залали-в ва суъур. 24.
24. Пас, гуфтанд: «Оё ба як одаме ки аз қавми худамон аст, пайравӣ кунем? Албатта, он гоҳ мо дар гумроҳӣ ва девонагӣ бошем!
Албатта, аз дарду баҳонаи қадимаи кофирон ҳамин аст, ки агар аз байни худашон шахсеро Аллоҳ таъоло ба пайғамбарӣ интихоб намояд, онон инкор мекунанд. Кофирону бединон метавонанд, ки дар азобу кулфатҳои дунё сабр кунанд, лекин Ӯ таъоло инсонеро пайғамбар таъйин кунаду барои ҳидояти онҳо фиристад, бесабрӣ мекунанд ва таассуб намуда, ӯро дурӯғгӯй, сеҳргар ва фитнагар меноманд.
Суханони аз ҳама шигифтовари кофирони саркаш ин гуна буд: «Оё мо як инснеро, ки аз байни худи мост, мисли мост, шарафу бузургӣ надорад, сарвату насаби фавқулодда надорад ва пайравоне надорад, итоъат кунем? Мо ҷамъияти бузург ҳастем, як нафарро чӣ гуна тобеъ шавем?». Онҳо ин суханҳоро аз рӯи ҳасад мегуфтанд, зеро намехостанд шахси оддӣ аз байни онҳо обрӯ ва бузургӣ дошта бошад. Онҳо намедонанд, ки Аллоҳ соҳиби фазлу марҳамат аст, ба касе, ки хоҳад медиҳад.
Кофирон боз мегуфтанд: «Ӯ мехоҳад моро мағлуб сохта, тобеъи худ созад. Оё мо девона ё аҳмақем, ки тобеъи ӯ мешавем? Мо намегузорем, ки гирифтори доми таблиғи ӯ шавем ва аз он оташе, ки ӯ мегӯяд, тарсон бошем».
Хулоса, бо ин гуна суханҳо расули Аллоҳро инкор мекарданд.
Аллоҳ таъоло дар ояти навбатӣ яке аз суханҳои онҳоро меорад, ки мегуфтанд…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «