Тафсири Сураи Камар Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 3
وَكَذَّبُوۡا وَاتَّبَعُوۡۤا اَهۡوَآءَهُمۡ وَكُلُّ اَمۡرٍ مُّسۡتَقِرٌّ ٣
Ва каззабу ва-т-табаъу аҳвааҳум. Ва куллу амри-м мустақирр. 3.
3. Ва (пайғамбарро) дурӯғ пиндоштанд ва хоҳишҳои худро пайравӣ карданд ва ҳар кор қароргоҳ (ҳадаф)-е дорад.
Муъҷиза будани Қуръон дар ҳар як ояти Қуръон таҷассум гардидааст. Масалан, дар ин оят омада, ки «дурӯғ пиндоштанд». Киро, ё чиро? Хонанда худ ҷавоби ин суолҳоро ёфта метавонад. Аз ин ҷост, ки муфассирон ба ин оят ҳар хел шарҳ додаанд. Аз ҷумла, гуфтаанд, ки мушрикон Расулуллоҳ (с) ва қудрати Аллоҳ таъолоро дар дуним гардидани Моҳтоб дурӯғ пиндошта, тобеъи ҳавову нафси худ, ки зиннатдодаи шайтон аст, гардиданд. Ҳар як амал бе ҷазо намемонад. Зеро амрест аз тарафи Аллоҳ таъоло, ки ҳар амал, агар хайр бошад, чун мукофот дар Ҷаннат, агар шар (бад) бошад, чун ҷазо дар Дӯзах ба соҳибаш бармегардад. Монанди ҳамин мушрикон ҳам, гирифтори подоши амалҳои хабиси худ хоҳанд шуд. Чун азоби арзанда ва сазовори илоҳӣ барояшон биояд, ҳеҷ чиз монеъа шуда наметавонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «