Сураи Қамар Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 31

اِنَّاۤ اَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ صَيۡحَةً وَّاحِدَةً فَكَانُوۡا كَهَشِيۡمِ الۡمُحۡتَظِرِ ٣١

Инна арсална ъалайҳим сайҳата-в ваҳидатан фа кану ка ҳашӣми-л-муҳтазир. 31.

31. Албатта, Мо як наъраро бар онҳо фиристодем. Пас, монанди гиёҳи дарҳамшикаста шуданд.

Барои ҳалоки ин қавми худоношиносу роҳгумзадаи аҳдшикан Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ҳазрати Ҷабраил (а)-ро фиристод. Он фариштаи муқарраб як наъраи баланду даҳшатноке зад. Аз таъсири он наъра ба ғайр аз Солеҳ (а) ва асҳобаш дигар ҳама кофирон ҳалок шуданд ва аз ҳам пошиданд. Кофирон баъди ин бало хасу хошоки мавриди пойкӯби чорпоён қароргирифтаро мемонданд, ки ҳеҷ узви солим дар онҳо дида намешуд. Ин намуд ҳалок шудан аз ақл дур нест. Дар поёни ин саргузашти дарднок ва ибратангези қавми Самуд, Аллоҳ таъоло бори дигар дар ояти навбатӣ такроран мефаҳмонад, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)