Сураи Қамар Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 30

فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِىۡ وَنُذُرِ ٣٠

Фа кайфа кана ъазабӣ ва нузур. 30.

30. Пас, уқубати ман ва тарсониданҳои ман чӣ гуна буд?

Аллоҳ таъоло мефармояд, ки ман ба воситаи Расули Худ, Солеҳ (а), он қавмро тарсонида будам, ки агар онҳо хиёнат кунанд ва ба уштур зарар расонанд, ба сари онҳо азоби даҳшатнок меояд. Ӯ таъоло ба таҳдиду таъкид мефармояд, ки бим додану тарсонидани Ман чӣ шуд, ки он бадбахт ин уштурро кушт? Оё азобу уқубати Ман акнун барои ин бадбахтон сахт бесаранҷомкунанда нашавад? Он гуна қавми хиёнаткору ноитоаткорро ба хок яксон накунаду ба ҳалокат нарасонад?


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)