Сураи Қамар Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 32

وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا الۡقُرۡاٰنَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِنۡ مُّدَّكِرٍ ٣٢

Ва лақад яссарна-л Қур-ана ли-з-зикри фа ҳал мим муддакир. 32.

32. Ва батаҳқиқ, барои панд гирифтан Қуръонро осон гардонидем. Пас, оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст?

Аллоҳ таъоло таъкидан баён месозад, ки Мо Қуръонро барои панд гирифтани бандагон осон гардонидем, пас ҳаст касе, ки ба достонҳои Қуръону таҳдидҳояш, ки такондиҳандаву бедоркунандаанд, эътибор бидиҳаду худро ислоҳ кунад?

Баёни маломати қавмҳои саркаши куфрварзида идома дорад. Акнун аз қавми Лут (а) ёд мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)