Тафсири Сураи Камар Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 40
وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا الۡقُرۡاٰنَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِنۡ مُّدَّكِرٍ ٤٠
Ва лақад яссарна-л-Қур-ана ли-з зикри фа ҳал мим муддакир. 40.
40. Ва ҳаройина, барои панд гирифтан Қуръонро осон гардонидем, пас, оё касе ҳаст фикр кунаду панд гирад?
Бори дигар такрор омадани ин ояти пурмаъно дар ин сура ва дар охири ин қиссаҳо огоҳ месозад, ки эй инсонҳо, бо шунидани ин хабарҳои мардуми гузашта панд бигиред, огоҳ шавед, тафаккур кунед ва ин қиссаҳоро ҳамчун як дарси ибрат биомӯзед! Чунки Аллоҳ таъоло бори чаҳорум ин оятро такрор намуда, мефармояд, ки Мо ин Қуръонро барои панд гирифтан ва ёдоварии қиссаҳои қавмҳои гузашта барои шумо эй мардум, осон гардонидем, оё аз байни шумо касе ҳаст, ки панд гирад? Оё касоне, ки олудаи чунин гуноҳонанд аз шунидани ин қиссаҳои ибратбахши Қуръонӣ ба худ намеоянд, тавба намекунанд? Баъзе аз муфассирин гуфтаанд: «Такрори ин оят ишора бар он мекунад, ки дурӯғ ҳисобидани ҳар пайғамбар омадани азоби илоҳиро тақозо дорад».
Дар ин ҷо қиссаи Лут (а) хотима ёфт ва ҳикояти Фиръавн оғоз мегардад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «