Тафсири Сураи Камар Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 53
وَ كُلُّ صَغِيۡرٍ وَّكَبِيۡرٍ مُّسۡتَطَرٌ ٥٣
Ва куллу сағӣри-в ва кабӣри-м мустатар. 53.
53. Ва ҳар (амали) хурду бузург дар он навишта шудааст.
Ҳар як амали хурду бузург бе истисно дар саҳифаҳои аъмол навишта шудааст. Мушрикон ва кофирони араб ин оятро шунида, дар тааҷҷуб меафтоданд ва мегуфтанд: «Сабти тамоми амалҳои инсон чӣ гуна имкон дорад?».
Дар замони мо компютерҳо ихтироъ шуданд. Дар хотираи компютер ҳазорҳо ҷилд китобро ҷой додани мумкин аст. Ҳол он ки ин асбоб маҳсули ақлу дасти инсон аст. Магар Аллоҳ таъоло, ки холиқи инсон аст, фариштаҳое офарида наметавонад, ки аъмоли ӯро ба ҳисоб бигиранд? Албатта, метавонад.
Имом Аҳмад ибни Ҳамбал ривоят кардааст, ки ҳазрати Расулуллоҳ (с) ба модари муъминон ҳазрати Оиша (р) фармуд: «Эй Оиша, аз гуноҳҳои хурд ҳам, ҳазар кун, албатта, аз тарафи Аллоҳ таъоло ҳисобкунандае ҳаст!».
Бинобар услубе, ки Қуръони маҷид дорад, зикри некону бадон пайи ҳам меояд. Дар оятҳои зерин ҳам, баъди зикри сарнавишти кофирони гунаҳкор ишораи кӯтоҳе бар сарнавишти парҳезгорон рафтааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «