Тафсири Сураи Камар Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 52
وَكُلُّ شَىۡءٍ فَعَلُوۡهُ فِى الزُّبُرِ ٥٢
Ва куллу шай-ин фаъалуҳу фи-з зубур. 52.
52. Ва ҳар чизе ки онҳо карданд, дар номаи аъмол навишта шудааст.
Балки тамоми он амалҳое, ки мушрикон бар зарари пайғамбари Аллоҳ ва уммати ӯ (с) андеша намудаанду ба ҷо овардаанд, дар дафтари амалҳои онҳо сабт гардидааст ва назди фариштагон маҳфуз аст. Дар вақту соати муайян он дафтари аъмол дар пеши рӯяшон, то ин ки худ ҳукм кунанд, ниҳода мешавад.
Ин маъноро ояти зер ба таъкид эзоҳ мефармояд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «