Тафсири Сураи Камар Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 7
خُشَّعًا اَبۡصَارُهُمۡ يَخۡرُجُوۡنَ مِنَ الۡاَجۡدَاثِ كَاَنَّهُمۡ جَرَادٌ مُّنۡتَشِرٌۙ ٧
Хушшаъан абсаруҳум яхруҷуна мина-л-аҷдаси ка аннаҳум ҷароду-м мунташир. 7.
7. Бубинӣ онҳоро: чашмҳояшон поён бошад, аз қабрҳо мебароянд, гӯё онҳо малахҳои парокандаанд.
Яъне гурӯҳи саркаши мушрикон аз саргузашти ногувори қавмҳои гузашта ибрат намегиранд, ҳатто ба муъҷизаҳои бузурги бо чашми худ дидаашон мисли ду ним гаштани Моҳ бовар намекунанд, имон намеоранд ва аз роҳи ҳақ рӯйгардон мешаванд. Пас ту ҳам эй Муҳаммад, аз онҳо рӯй гардон. Онҳоро то рӯзи қиёмат, ки барои онҳо ногувор аст, во гузор.
Мурод аз «мехонад хонандае» дамида шудани сури дуввум аз тарафи Исрофил (а) дар рӯзи қиёмат аст. Дар он ҳангом ҳамаи инсонҳо аз нав зинда гашта, аз қабрҳо бархезанд. Инсонҳое, ки дар дунё аз даъвати илоҳӣ рӯй гардонида, куфр варзида буданд, ҳангоми аз қабрҳо баромадан ҳолати даҳшатбори рӯзи қиёматро тоқати дидан намекунанд, чашмонашон саршор аз тарсу ҳарос, хору залил буда, фақат ба зер нигоҳ мекунад. Онҳо ончунон аз даҳшати қиёмат тарсидаанд, ки ҳуши худро гум карда, ҳайрону сарсонанд. Онҳо овораи худ гашта, девонавор куҷо рафтанашонро намедонанд. Онҳо тӯдаи малахро мемонанд, ки чун бесаранҷом шаванд, бетартибу бенизом ба ҳар тараф болои ҳам бипаранд. Наъузу биллоҳ аз чунин рӯзи даҳшатбор. Боз онҳо ба чӣ ҳол дар он рӯз гирифтор мегарданд, аз ояти зер хоҳем донист.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «