Тафсири Сураи Камар Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 8
مُّهۡطِعِيۡنَ اِلَى الدَّاعِؕ يَقُوۡلُ الۡكٰفِرُوۡنَ هٰذَا يَوۡمٌ عَسِرٌ ٨
Муҳтиъӣна ила-д-даъ. Яқулу-л-кафируна ҳаза явмун ъасӣр. 8.
8. Дар ҳоле ки ба сӯи он даъваткунанда бо шитоб равон бошанд. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯз (бисёр рӯзи) сахту душвор аст».
Дар он рӯз ба дунболи ин даъват кофирони дар ҳарос афтода аз кардаи худ пушаймону ҳасратзада, хоҳам нахоҳам, бе мухолифату бе таъхир сӯи даъваткунандаи илоҳӣ равон мегарданд ва ба худ мегӯянд ин рӯз аҷаб рӯзи сахту душвор будааст! Онҳо дар баҳри андеша ғӯтида, дар ғами онанд, ки ҳолашон чӣ мешуда бошад?
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «