Тафсири Сураи Касас Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 10
وَاَصۡبَحَ فُؤَادُ اُمِّ مُوۡسٰى فٰرِغًا ؕ اِنۡ كَادَتۡ لَـتُبۡدِىۡ بِهٖ لَوۡلَاۤ اَنۡ رَّبَطۡنَا عَلٰى قَلۡبِهَا لِتَكُوۡنَ مِنَ الۡمُؤۡمِنِيۡنَ ١٠
Ва асбаҳа фуаду умми Муса фариға. Ин кадат латубдӣ биҳӣ лав ла ар-рабатна ъала қалбиҳа ли такуна мина-л муъминӣн. 10.
10. Ва дили модари Мӯсо аз сабр холӣ гашт, ҳаройина, агар Мо бар дили ӯ ришта (сабр)-ро намебастем, ки то аз бовардорандагон бошад, наздик буд, ки он қиссаро ошкор кунад.
Дар мазмуни ояти 7-уми ҳамин сура гузашт, ки Худованд гуфт, ки Мо ба модари Мӯсо (а) илҳом кардем, ки ӯро шир деҳ ва ҳангоме ки аз ҷаллодони Фиръавн хафв бурдӣ, вайро дар дарёи Нил бияфган ва ғамгин мабош, ки Мо бо зудӣ ӯро ба ту боз мерасонем ва ӯро аз расулони Худ мегардонем. Ҳоло дар оятҳои зери назар аз бозгашти Мӯсо (а) ба оғӯши модар сухан рафта, Худованд аз ҳоли модари Мӯсо (а) хабар дода фармудааст, ки чун Мӯсо (а)-ро модараш ба дарё партофт ва сипас фаҳмид, ки ба дасти душмани хунхор (Фиръавн) афтодааст, ба ғайр аз ғами ҷигаргӯшааш, аз дигар ғамҳо дили ӯ холӣ шуд. Яъне ғаму андӯҳи писари навзодаш дар дили ӯ чунон ғалаба кард, ки агар пештар илҳоми Худовандро намешуниду бовар намедошт, қариб буд, ки доду фиғон бардораду ин сир ва ин қисса фош шавад. Хушбахтона, модари Мӯсо (а) ба он чӣ аз тарафи Худованд ваъда шуда буд, имон (бовар) дошт. Баъди мубтало шудан ба ин ҳодиса сабрро пешаи худ сохт ва мунтазири иҷрои ваъдаҳои Илоҳӣ шуд. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «