Тафсири Сураи Касас Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 9
وَقَالَتِ امۡرَاَتُ فِرۡعَوۡنَ قُرَّتُ عَيۡنٍ لِّىۡ وَلَكَ ؕ لَا تَقۡتُلُوۡهُ ۖ عَسٰٓى اَنۡ يَّـنۡفَعَنَاۤ اَوۡ نَـتَّخِذَهٗ وَلَدًا وَّهُمۡ لَا يَشۡعُرُوۡنَ ٩
Ва қолат-имраату Фиръавна қуррату ъайни-л лӣ ва лак. Ла тақтулуҳу ъаса ан янфаъана ав наттахизаҳу валада-в ва ҳум ла яшъурун. 9.
9. Ва зани Фиръавн гуфт: «Ин тифл маро ва туро равшании чашм аст, ӯро накушед, шояд барои мо судманд бошад ё ӯро фарзанд гирем». Ва ҳол он ки (онҳо) ҳақиқати корро намедонистанд.
Дар ривоятҳо омадааст, ки зани Фиръавн Осия духтари Музоҳим зани нозо буд, чун кӯдаки навзодро дид, меҳри ӯ дар дили покаш ҷой гирифту бо шафоъати кӯдак бархост ва ба Фиръавну атрофиёни ӯ гуфт, ки ин тифлро ба ҳоли худ гузоред, шояд ӯ нури чашм ва маншаи сурури ману ҳамсарам хоҳад буд. Мумкин дар оянда барои мо судманд бошад. Ё ҳеҷ набошад ӯро ба унвони фарзандӣ қабул хоҳем кард. Вале онҳо аз ояндаи худ хабар надоштанд, ки оқибати корашон чӣ мешавад. Яъне Фиръавну атрофиёнаш намедонистанд, ки сабаби несту нобуд шудани худро, дар коху айвон ва дар нозу неъмат бо дастони худ парвариш медиҳанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «