Тафсири Сураи Касас Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 4
اِنَّ فِرۡعَوۡنَ عَلَا فِى الۡاَرۡضِ وَجَعَلَ اَهۡلَهَا شِيَـعًا يَّسۡتَضۡعِفُ طَآٮِٕفَةً مِّنۡهُمۡ يُذَبِّحُ اَبۡنَآءَهُمۡ وَيَسۡتَحۡىٖ نِسَآءَهُمۡ ؕ اِنَّهٗ كَانَ مِنَ الۡمُفۡسِدِيۡنَ ٤
Инна Фиръавна ъала фи-л-арЗи ва ҷаъала аҳлаҳа шияъа-н ястаЗъифу тоифата-м минҳум юзаббиҳу абнааҳум ва ястаҳйӣ нисааҳум. Иннаҳу кана мина-л-муфсидӣн. 4.
4. Ҳаройина, Фиръавн дар Замин такаббурӣ кард ва аҳли онро гурӯҳ-гурӯҳ сохт, ҷамоъатеро аз онҳо забун мегирифт, писарони онҳоро мекушт ва духтарони онҳоро зинда мегузошт, ҳамоно вай аз муфсидон буд.
Калимаи Фиръавн дар истилоҳи мардум подшоҳони Мисрро ифода мекунад. Касе, ки аз роҳи нишондоди Худованд берун меравад, мувофиқи хоҳиши худ ва ба роҳи зулму истибдод мардуми зердастро мутеъи амри худ гардонад ва шахсеро, ки ба ӯ гардан наниҳаду гуфтаи ӯро иҷро накунаду ба ӯ ғулом нашавад, беандоза зулм кунад ва ба болои ин худро ҳокими мутлақ эълон намояд, дар Қуръони карим ӯро Фиръавн номбар шуда аст. Бо аксари ривоятҳо давре, ки Мӯсо (а) ба пайғамбарӣ расид, даври Фиръавне ба ном Рамсеси II буд, ки басо золиму саркаш буду даъвои худоӣ дошт. (Нигар ба ояти 24-уми сураи «Нозиъот»). Ҳоло Худованд дар ин оят моро аз ҳоли Фиръавни замони Мӯсо (а) хабар дода гуфтааст, ки бегумон Фиръавн ба он қуввату қудрате, ки дошт, мағрур шуда такаббур кард ва ҳаққро напазируфт, даъвои худоӣ карду мардуми Мисрро ба бардагӣ (ғуломӣ) кашид. То ин ки баъзе аз онҳо баъзеашонро саркӯб кунанд ва то ин ки онҳо бо ҳам машғул шаванду ҳама бо ҳам алайҳи ӯ якдаст нашаванд ва дар танҳогияшон натавонанд халале ба кори ӯ расонанд, онҳоро ба фирқаҳо ва гурӯҳҳо, аз он қумла ба «Қибтиён» (ватандор) ва «Сибтиён» (муҳоҷирон авлоди Юсуф (а) тақсим кард. Бо пеш гирифтани чунин кор ӯ тавонист гурӯҳе аз мустазъаф (бани Исроил)-ро бо забунӣ (хорӣ) кашонад. Писарони навзодашонро мекушт ва духтарони онҳоро барои хизматгориашон нигоҳ медошт. Мунаҷҷимони замонаш ҳушдораш доданд, ки аз бани Исроил писаре ба дунё меояду ӯро аз тахт сарнагун месозад. Аз ин рӯ ӯ фарзандони навзоди бани Исроилро, агар писар мебуданд нест мекард.
Хулоса, Фиръавн дар ҳақиқат аз ҷумлаи фасодкорони рӯйи замин буд, барои нигоҳ доштани салтанати худ, бо зулму ситам, мардуми бегуноҳро нест мекард.
Ибни Кассир гуфтааст: «Чун Фиръавн фарзанд (писар)-они бани Исроилро нест мекард, қариб буд, ки корҳои вазнин ба дӯши «Қибтиҳо» меяфтод, аз ин рӯ ба Фиръавн гуфтанд: Наздик аст, ки ҷуз занони бани Исроил дигар касе аз мардони онҳо боқӣ намонад. Мо наметавонем корҳои вазнинеро, ки бар дӯши онҳо буд, анҷом диҳем!» Барои ин Фиръавн амр кард, ки як сол фарзанд (писар)-они навтаваллудшудаи онҳоро нест кунанд ва як сол боқӣ гузоранд. Ривоят шудааст, ки Ҳорун (а) дар соли маъоф таваллуд шуд ва Мӯсо (а) дар соли куштор. Локин бо изни Худованд нишонаҳои ҳомиладории модари Мӯсо (а) барои атрофиён зоҳир нашуд, касе намедонист, ӯ ҳомила аст, ҳатто дояҳои маъмури Фиръавн бордории ӯро ҳеҷ пай набурданд ва Мӯсо (а) таваллуд шуд. Бо истифода аз ояти мазкур, валлоҳу аълам, ки муъминон метавонанд дар ҳолати мушкилот аз таърихи Мӯсо (а) ва Фиръавн илҳом гиранд тасаллӣ ёбанду роҳи худро ба сӯйи ҳадафҳояшон пайдо кунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «