Сураи Қасас Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 3

نَـتۡلُوۡا عَلَيۡكَ مِنۡ نَّبَاِ مُوۡسٰى وَفِرۡعَوۡنَ بِالۡحَـقِّ لِقَوۡمٍ يُّؤۡمِنُوۡنَ ٣

Натлу ъалайка мин-н-набаи Муса ва Фиръавна би-л ҳаққи ли қавми-н юъминун. 3.

3. Ба ростӣ, баъзе хабари Мӯсо ва Фиръавнро барои гурӯҳе, ки бовар медоранд, бар ту мехонем.

Муфассирони гиромӣ гуфтаанд дар ояти мазкур ҳам барои Расулаллоҳ (с) ва ҳам барои муъминон тасаллӣ дода шудааст. Яъне мурод аз калимаи «ъалайка» Расулаллоҳ (с) ва мурод аз «қавми имоноранда» муъминону ҳама уммати Расулаллоҳ (с) аст.

Агар аз таърихи ибтидои асри Расулаллоҳ (с) ёдовар шавем, мебинем, ки зулми мушрик (кофир)-он ба Пайғамбар (с) ва ба муъминоне, ки ададашон дар он асно кам буду онҳо дар ҳолати заъифӣ зиндагонӣ доштанд, аз ҳад гузашта будааст. Ҳатто дар кӯчаҳо барои онҳо гашту гузору оромӣ набуд. Дар ҳар нуқтаи шаҳри Макка барои онҳо азобу истеҳзо, ҷабр, таҳқир, зулм омода буд. Дунё дар назарашон танг менамуд. Зеро айни ҳол аз ҳеҷ ҷой дараки наҷот ва ёрӣ барои онҳо набуд. Дар чунин ҳолатҳо оятҳои Китоби муқаддас (Қуръон), ки мисли моҳ равшану маълуманд, дар бораи ҳазрати Мӯсо (а) ва Фиръавн, то ин ки тиловат кунанду тасаллӣ ёбанду ором шаванд, нозил мешуд. Аз чунин инояти Парвардигор гӯё сари муъминон ба осмонҳо мерасид ва аз хондани чунин оятҳо барои худ ояндаи некро интизор мешуданд. Дар ҳақиқат чунин ҳам шуд.

Сипас, Худованд аз баёни иҷмоилӣ ба баёни тафсилӣ гузашта, дар ояти зер чунин фармуд, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)