Тафсири Сураи Касас Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 43
وَلَقَدۡ اٰتَيۡنَا مُوۡسَى الۡكِتٰبَ مِنۡۢ بَعۡدِ مَاۤ اَهۡلَكۡنَا الۡقُرُوۡنَ الۡاُوۡلٰى بَصَآٮِٕرَ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَّرَحۡمَةً لَّعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُوۡنَ ٤٣
Ва лақад атайна Муса-л-китаба мин баъди ма аҳлакна-л қуруна-л-ула басаира ли-н-наси ва ҳуда-в ва раҳмата-л лаъаллаҳум ятазаккарун. 43.
43. Ва ба дурустӣ, баъд аз он ки (аҳли) қарнҳои нахустинро ҳалок сохтем, Мӯсоро Китоб додем, ки барои мардум далел ва ҳидоят ва бахшоиш аст, то бошад, ки онҳо пандпазир шаванд,
Дар шарҳи ибораи «наслҳои нахустин» муфассирон ихтилофи назар доранд. Баъзе аз онҳо қавми Нӯҳ (а), Од, Самуд ва ғайраро донистаанд. Баъзе аз онҳо Фиръавну қавми онро донистаанд. Локин ояти мазкур ба ҳарду маъно созгараст. Зеро баъди гузаштани пайғамбарон, замони тӯлонӣ гузашт, мардум дар он замонҳо бе роҳбару бе пайғамбару бе китоб монданд, бидъату хуруфот авҷ гирифт. Сипас, лозим шуд, ки китобу набие бошад, то барои мардум аз нав даврони созанда оғоз шавад. Худованд дар ин оят ишора карда гуфтааст, ки баъд аз он ки мардуми асрҳои нахустинро нобуд сохтем, барои ҳидояти мардум, то ин ки панду ибрат гиранд ва то ин ки мардуми он давр имон оранду неъматҳои Худовандиро шукргузорӣ кунанд, ба Мӯсо (а) Китоб (Таврот)-ро додем, то ин ки он равшангари тирагиҳо ва ҳидояту раҳмате барои онҳо бошад.
Қиссаи ҳазрати Мӯсо (а) бо услуби ин сура ба охир расид. Оятҳои зер ба Расулаллоҳ (с) хитоб буда Худованд фармудааст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «