Сураи Қасас Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 56

اِنَّكَ لَا تَهۡدِىۡ مَنۡ اَحۡبَبۡتَ وَلٰـكِنَّ اللّٰهَ يَهۡدِىۡ مَنۡ يَّشَآءُ‌ؕ وَهُوَ اَعۡلَمُ بِالۡمُهۡتَدِيۡنَ ٥٦

Иннака ла таҳдӣ ман аҳбабта ва лакинналлоҳа яҳдӣ ма-н-яшаъ. Ва Ҳува аъламу би-л муҳтадӣн. 56.

56. Ҳаройина, ту роҳ наменамоӣ ҳар киро, ки дӯст медорӣ, валекин ҳар киро, ки Худо хоҳад, роҳ менамояд ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст.

Аксари муфассирин сабаби нузули ояти мазкурро дар шаъни Абӯтолиб, амаки Расулаллоҳ (с) мансуб донистанд. Бо ривояти Бухорӣ ва Муслим (р), чун марги Абӯтолиб наздик шуд, Расулаллоҳ (с) хоҳони он буд, ки амакаш ба дини мубини Ислом мушарраф шуда аз дунё муваҳҳид гузарад, наздаш омад ва ба ӯ гуфт: «Ай амак, ло илоҳа иллалоҳро гӯй, то дар қиёмат, ман назди Худованд бароят гувоҳӣ дода тавонам». Дар посух Абӯтолиб гуфт: «Агар ман ин калимаро гӯям, қурайшиҳо маро айб гирифта мегӯянд, тарс аз марг ӯро ба ин ҷо расонд, яъне аз дини аҷдодии худ бозгашт. Агар ҳамин айбгириашон намебуд, барои хурсандии шумо, албатта, ин калимаро мегуфтам». Ҳамоно Худованд ояти мазкурро нозил кард ва дар он фармуд, ки эй Муҳаммад (с), дар ҳақиқат ту касеро аз мардум дӯст дорӣ ва хоҳӣ, ки ӯро ҳидоят кунӣ, наметавонӣ, зеро ҳидоятшавии мардум дар ихтиёри ту нест. Кори ту даъвати Аллоҳро ба онҳо расонидан асту халос. Балки Худованд касеро ҳидоят мекунад, ки ӯ ба ҳидоят лоиқу сазовор аст. Кадом кас ҳидоят мешавад ва кӣ ҳидоят намешавад, Худованд донотар аст. Агар орзу дошта бошӣ, ки баъзе инсонҳо ҳидоят шаванд, аммо онҳо ҳидоят намешаванд, ғамгин мабош! Бо иттифоқи олимони муҳтарам мардумро бо икроҳу бо роҳи маҷбуркунӣ бо ислом даровардан мумкин нест.

Мисдоқи ин суханро ояти зер эзоҳ медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)