Тафсири Сураи Касас Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 57
وَقَالُوۡۤا اِنۡ نَّـتَّبِعِ الۡهُدٰى مَعَكَ نُـتَخَطَّفۡ مِنۡ اَرۡضِنَا ؕ اَوَلَمۡ نُمَكِّنۡ لَّهُمۡ حَرَمًا اٰمِنًا يُّجۡبٰٓى اِلَيۡهِ ثَمَرٰتُ كُلِّ شَىۡءٍ رِّزۡقًا مِّنۡ لَّدُنَّا وَلٰـكِنَّ اَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُوۡنَ ٥٧
Ва қолу ин-н-наттабиъи-л-ҳуда маъака нутахаттаф мин арЗина. А-ва лам нумакки-л лаҳум ҳараман амина-н юҷба илайҳи самароту кулли шай-ир-ризқа-м ми-л ладунна ва лакинна аксараҳум ла яъламун. 57.
57. Ва (баъзе аз аҳли Макка) гуфтанд: «Агар бо ту пайравии ҳидоят кунем, аз замини худ рабуда шавем». Оё онҳоро дар ҳарами боамн ҷой надодем, ки ба сӯи вай аз ҳар ҷинс меваҳо аз назди Мо ҳамчу рӯзӣ расонида мешавад? Валекин бештарини онҳо намедонанд.
Баъзе аз мушрикони Макка чун Ҳорис бини Навфал ва пайравони ӯ ба ҳақбудани дини Ислом эътироф доштанд, локин чун мулоҳизаи манфиъатҳои шахсиашонро мекарданд, ҳозир набуданд, ки имон оранд. Онҳо баҳонаҳо ҷуста, ба Расулаллоҳ (с) мегуфтанд, ки эй Муҳаммад, агар бо ту ҳамроҳ шуда аз дини ту пайравӣ кунем, қабилаҳои арабе, ки атрофи Маккаанд, алайҳи мо муттаҳид шуда ба мо меҷанганд, мо бошем ба онҳо баробар шуда наметавонем, моро аз ин сарзамину хонаву дарамон ба хориву зорӣ берун мекунанд. Ин ҳам яке аз баҳонаҳои мушрикон буд, ки қудрати Парвардигорро ночиз дониста, бо пешниҳод кардани чунин узрҳо имон намеоварданд. Вагарна Худованд Маккаро ҳарами амну амон барои онҳо қарор дода буд, ки аз ҳар гӯшаву канор мардум беҳтарин меваҷоту маҳсулоти худро, то замони мо барои тиҷорат ё барои зиёрат ба он ҷо меоранд. Агар ҳарам амн намебуд оё метавонистанд мардум ба зиёрат ё тиҷорат биёянд? Оё нафаҳмиданд, ки бо қудрату иродаи Парвардигор дар як замини санглохи бе обу бе дарахт, таъминоти рӯзмарраи мардум бо меваҷоту бо дигар ашё чунон аст, ки ҳатто дар сарзаминҳои сабзу хуррам ин қадар фаровонӣ вуҷуд надорад? Локин, мутаъассифона, аксари мардум ин ҳикматҳоро намедонанд ва ба ҳар баҳона имон намеоранд.
Барои маълумоти бештар ба ояти 35-уми сураи «Иброҳим» (а) муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «