Сураи Қасас Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 60

وَمَاۤ اُوۡتِيۡتُمۡ مِّنۡ شَىۡءٍ فَمَتَاعُ الۡحَيٰوةِ الدُّنۡيَا وَزِيۡنَـتُهَا‌ ۚ وَمَا عِنۡدَ اللّٰهِ خَيۡرٌ وَّاَبۡقٰى‌ ؕ اَفَلَا تَعۡقِلُوۡنَ ٦٠

Ва ма утӣтум-м мин шай-ин фа матаъу-л-ҳайати-д дунйа ва зӣнатуҳа. Ва ма ъиндаллоҳи хайру-в ва абқа. А-фа ла таъқилун. 60.

60. Ва аз ҳар навъе ҳар чӣ шуморо дода шуд, пас, баҳрамандии зиндагонии дунё ва ороиши он аст. Ва он чӣ назди Худост, беҳтару пояндатар аст. Оё намефаҳмед?!

Ҳеҷ неъмате дар дунё аз хатар холӣ нест, ҳар чӣ Худованд ба инсон дар ин дунё дода бошад, рӯ ба завол аст. Ё аз назди инсон онҳо «рахти сафар мебанданд» ё ин ки онҳо мемонанду инсон бо марг даст ба гиребон мешавад. Бинобар ин, инсони бохирад набояд мағрури неъматҳо шуда чун арабҳои садри Ислом даст ба баҳонаҷӯӣ занаду итоъати Аллоҳи ягонаро канор бизанад. Зеро Худованд дар ин оят гуфтааст, ки ҳар он чӣ, ки ба шумо дар ин дунёи фонӣ дода шудааст, зебу зиннати дунё буда, назди Худованд матоъи фаношаванда ва беарзиш аст. Аммо он неъматҳое, ки назди Худованд барои бандагони итоъатгари Худо ва Расулаш омода карда аст, беҳтаранд. Чунки онҳо фанопазир набуда, ҳамеша ҷовидон ва бо неъматҳои дунё қиёснашавандаанд. Вақто ки кор чунин аст, дар давоми оят Худованд фармуд, ки чаро намефаҳмед?!

Хулоса, оқилтарини мардум касест, ки барои ёфтани сармояи пойдор мутеъи фармони Худованд шуда, ба матоъи андаку зудгузари дунё чандон дилбастагӣ надорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)