Тафсири Сураи Касас Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 61
اَفَمَنۡ وَّعَدۡنٰهُ وَعۡدًا حَسَنًا فَهُوَ لَاقِيۡهِ كَمَنۡ مَّتَّعۡنٰهُ مَتَاعَ الۡحَيٰوةِ الدُّنۡيَا ثُمَّ هُوَ يَوۡمَ الۡقِيٰمَةِ مِنَ الۡمُحۡضَرِيۡنَ ٦١
А-фа ма-в ваъаднаҳу ваъдан ҳасанан фа ҳува лақӣҳи кама-м маттаънаҳу матаъа-л-ҳайати-д-дунйа сумма ҳува явма-л-қийамати мина-л-муҳЗарӣн. 61.
61. Оё касеро, ки ба ӯ ваъдаи нек додаем, ва ӯ дарёбандаи он аст, монанди касест, ки ӯро аз манфиъати зиндагонии дунё баҳраманд сохтем, боз вай рӯзи қиёмат (дар азоб) аз ҳозиркардашудагон аст?
Худованд дар ин оят виҷдони ҳамагонро барои муқоиса ба доварӣ кашида мегӯяд, ки худатон қазоват кунед, оё касе, ки Мо ба ӯ ваъдаи нек (Биҳишту неъматҳои он) додаем ва қатъиян ба он хоҳад расид, (Худованд ваъдаи Худро хилоф намекунад), бо касе, ки ба ӯ танҳо аз матоъи дунё баҳра додаем ва ӯ ба парастидани ҳавои нафс машғул шуда, куфрро бар имон ва ширкро бар тавҳид муқаддам донистааст ва ӯ барои ҳисобу ҷазои рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Худованд аз ҷумлаи ҳозиркардашудагони дар Ҷаҳаннам аст, баробар аст? Ҳаргиз! Бидуни шак, ҳеҷ ақли солим ва ҳеҷ виҷдони бедор ин дуро баробар намеҳисобад. Сабаби нузули ин оятро муфассирон дар бораи Расулуллоҳ (с) ва Абӯҷаҳл, ё дар бораи Ҳамза (р) ва Абӯҷаҳл донистанд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «