Тафсири Сураи Касас Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 68
وَرَبُّكَ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُ وَيَخۡتَارُؕ مَا كَانَ لَهُمُ الۡخِيَرَةُ ؕ سُبۡحٰنَ اللّٰهِ وَتَعٰلٰى عَمَّا يُشۡرِكُوۡنَ ٦٨
Ва Раббука яхлуқу ма яшау ва яхтар. Ма кана лаҳуму-л-хияраҳ. Субҳаналлоҳи ва таъала ъамма юшрикун. 68.
68. Ва Парвардигори ту ҳар чӣ хоҳад, меофаринад, онҳоро ихтиёр нест. Покӣ Худойрост ва аз он, ки шарик меоранд, баландтар аст.
Бо пиндори мушрикон бояд, ки Пайғамбар (с) аз шахсони бою бадавлат ва ё аз сарони бообрӯтарини қабила бошад. Ҳол он ки ҳеҷ банда ҳақ надорад дар кори Худованд, чуноне ки ояти мазкур ишора дорад, дахолат ё ширкат ё мухолифат кунад магар бо роҳи истихора. Худованд дар ин оят ба ҳабиби Худ (с) хитоб намуда фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), ягона Парвардигори ту аст, ки тасарруфи оламҳо дар ихтиёри Ӯст. Чӣ бихоҳад, меофарад, чизеро ирода кунад, аз ҳеҷ кас намепурсаду анҷом медиҳад. Ҳеҷ кас ҳаққи эътироз бар ҳукму кори Ӯ надорад. Ва ҳар киро бихоҳад, аз ҳеҷ кас напурсида, ба мартабаи пайғамбарӣ мерасонад, машварати ҳеҷ кас ҳам, ба Ӯ лозим нест. Ӯ таъоло аз чунин сифатҳое, ки мушрикон ба Ӯ нисбат медиҳанд, пок аст. Ҳеҷ низокунандае дар корҳои Ӯ ширкат карда наметавонад.
Барои маълумоти бештар ба ояти 31-уми сураи «Зухруф» муроҷиъат шавад. Бисёре аз муфассирон дар поёни шарҳи ин оят ҳадисҳои ба истихора алоқамандро ривоят кардаанд. Чунончӣ дар ҳадисе ба ривояти Анас (р) омада аст, ки Расули Худо (с) ба ӯ (р) фармуданд: «Эй Анас! Чун қасди анҷоми кореро дошта бошӣ, аз Парвардигорат дар он ҳафт бор истихора (талаби хайр) кун, сипас ба сӯйи он чи ки қалб ба он сабқат мегирад, мутаваҷҷеҳ шав, зеро хайр дар он аст». Намози «истихора» низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.
Ҳамчунин дар ҳадиси дигар бо ривояти Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) омадааст, ки фармуд: «Расули Худо (с) дар тамоми корҳо истихораро чун сурае аз Қуръон ба мо таълим дода, мефармуданд: «Чун яке аз шумо қасди анҷоми кореро кунед, бояд, ки ғайр аз (намози) фарзӣ ду ракаъат намоз бигзоред, онгоҳ бигӯед: Бор Худоё! Ман ба илми Ту талаби хайр мекунам ва ба қурдати Ту аз Ту талаби қудрат мекунам ва аз Ту эҳсони бузургтар мехоҳам, ҳаройина, Ту тавоноӣ ва ман нотавонам ва Ту медонӣ ва ман намедонам ва Туи донои ғайбҳои! Бор Худоё! Агар Ту медонӣ, ки ин кор (номи корашро зикр кунад) дар дин ва дунё ва маъод ва зиндагонӣ ва саранҷоми корам (дар ҳоли ҳозир ва ё оянда) ба хайри ман аст, пас, онро бароям муқаддар ва муяссар гардон! Сипас, барои ман дар он баракат ато кун. Бор Худоё! Ту медонӣ. Агар ин кор (номи ҳоҷаташро гирад), бароям дар ин дунё ва маъод ва саранҷоми корам шарр аст, пас онро аз ман ва манро аз он баргардон ва хайреро, ки дар ҳар ҷое, ки ҳаст, бароям муқаддар бигардон, онгоҳ маро бо он хушнуд ва розӣ гардон!» Ҳамин аст андозаи ихтиёри банда дар корҳои Худовандӣ.
Олимони муҳтарам гуфтаанд: «Шахси истихоракунанда бояд дар аввал вузуъ гирад, дилашро аз тамоми васвасаҳои шайтон ва аз шак фориғ созад ва онгоҳ намози истихора (талаби хайр, ё ихтиёр)-ро то ҳафт бор бихонад ва ҳар чӣ дар дилаш (мисол, равам ё не, ин амалро иҷро кунам ё накунам ва ҳоказо), ғолиб ояд, онро ихтиёр кунад, иншоаллоҳ, хайр ва фоидаи ӯ дар ӯст. «Ногуфта намонад, ки бояд дар ракаъти аввал, баъди сураи «Фотиҳа» сураи «Кофирун» ва дар ракаъати дуввум сураи «Ихлос» хонда шавад». Матни арабии онро аз китоби «Паногоҳи мусалмон» дарёфт кардан мумкин.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «