Тафсири Сураи Касас Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 69
وَرَبُّكَ يَعۡلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُوۡرُهُمۡ وَمَا يُعۡلِنُوۡنَ ٦٩
Ва Раббука яъламу ма тукинну судуруҳум ва ма юълинун. 69.
69. Ва Парвардигори ту он чӣ синаҳои онҳо пинҳон медоранд ва он чӣ ошкор мекунанд, медонад.
Зимнан ояти мазкур бар мушрикон, то гумон накунанд, ки Худованд аз ниятҳои онҳо огоҳ нест, таҳдид аст.
Чуноне ки Худованд дар ояти қаблӣ аз ихтиёри васеъи Худ сухан кард, ҳоло дар ин оят низ аз илми васеъи Худ сухан ба миён оварда гуфтааст, ки он чиро, ки мушрикон дар синаҳои худ, хоҳ ширк бошаду хоҳ душманӣ, ба Расули Ӯ (с) ва ё ба муъминон пинҳон медоранд ва ҳамчунин он чиро, ки ба Қуръон ва ба обрӯи Расулаллоҳ (с) ошкоро таъна расонида мегӯянд, ки оё Худованд касеро наёфта, ки ваҳйи худро бар як ятими Абӯтолиб расонд? (ва ҳоказо). Ҳамаро Худованд медонад ва ҳеҷ чиз барои Ӯ таъоло махфӣ намемонад. Худованд мувофиқ ба он дар қиёмат ба онҳо муомила мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «