Тафсири Сураи Касас Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 67
فَاَمَّا مَنۡ تَابَ وَاٰمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًـا فَعَسٰٓى اَنۡ يَّكُوۡنَ مِنَ الۡمُفۡلِحِيۡنَ ٦٧
Фа амма ман таба ва амана ва ъамила солиҳан фа ъаса ан якуна мина-л-муфлиҳӣн. 67.
67. Пас, он кас ки тавба намуд ва имон овард ва кори шоиста кард, пас, умед аст, ки аз растагорон бошад.
Дарҳои қабули тавба аз сӯйи Парвардигор дар ин дунё ба рӯйи ҳама, аз он ҷумла барои гунаҳгорон, кофирон, мушрикон ва касоне, ки олудаи фасоданд, боз аст. Дар ин дунё ҳар лаҳзае, ки бихоҳанд, метавонанд ба роҳи ҳақ баргарданд. Ҳоло Худованд, дар ин оят ёдрасон намуда фармудааст, ки касе, ки тавба кунад ва имон орад ва амалҳои солеҳро анҷом диҳад, ҳаққо, дар қиёмат ӯ аз ҷумлаи растагорон ва аз наҷотёфтагон аст.
Хулоса, ҳарчи ирода ва хоҳиши Худованд бошад, чуноне ки ояти зер ба ботил будани ширк ишора дорад, он мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «