Тафсири Сураи Касас Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 73
وَمِنۡ رَّحۡمَتِهٖ جَعَلَ لَـكُمُ الَّيۡلَ وَالنَّهَارَ لِتَسۡكُنُوۡا فِيۡهِ وَلِتَبۡتَغُوۡا مِنۡ فَضۡلِهٖ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُوۡنَ ٧٣
Ва ми-р-раҳматиҳӣ ҷаъала лакуму-л-лайла ва-н-наҳара литаскуну фӣҳи ва ли табтағу мин фаЗлиҳӣ ва лаъаллакум ташкурун. 73.
73. Ва аз раҳмати Худ барои шумо шаб ва рӯзро сохт, то дар шаб ором гиред ва то (дар рӯз) аз фазли Ӯ талаби рӯзӣ кунед ва то шукргузорӣ кунед».
Маъмулан дар зимистон шабҳо дароз шуда, мардум дар иштиёқи рӯз ва дар тобистон рӯзҳо дароз шуда, мардум дар иштиёқи шаб мешаванд. Бисёр мушоҳида шудааст, ки дар тобистон агар Офтоб сӯзон шавад, мардуме, ки дар мамлакатҳои офтобрӯяанд, амали рӯзонаро ба шаб мегузаронанд. Худованд инсонро барои ҳосил кардани эҳтиёҷоти худ, чун зироъат, бинокорӣ ва ғайра, то вақте ки дунё ҳаст, муҳтоҷ офаридааст. Маълум аст, ки бе рӯшноии рӯз ва бе торикии шаб роҳати инсон нопурра ва нотамом аст. Ин ҳарду (рӯз ва шаб), дар ин дунё хусусан барои инсон ва дигар махлуқоти зинда чизи зарурист. Худованд бар махлуқоти Худ миннат ниҳод ва то барпошавии рӯзи қиёмат, паи ҳам омадурафти рӯзу шабро ҷорӣ сохт. Яъне аз нишонаҳои раҳмату фазли Парвардигор барои бандагони Худ ин аст, ки рӯзу шабро бо ҳикмати том офарид, онҳо мувофиқ ба фаслҳои сол, бо дароз ва ё бо кӯтоҳ шудан ҳар шабонарӯз ҷои ҳамдигарро иваз мекунанд, то инсон битавонад рӯзона аз паи талош ва дарёфти ризқу рӯзии худ шавад ва чун монда шуд, барои гирифтани нерӯи нав дар шаб истироҳат кунад. То бошад, ки бо иҷрои ҳар навъи ибодат сипосгузори неъматҳои Парвардигораш бошад. Афсӯс, ки ҳамаи инсонҳо ба ин ҳикматҳои Парвардигор эътибор намедиҳанд, ба ҷое, ки шукр кунанд, ширк меоранд. Чуноне ки ояти зер далолат мекунад, онҳо намедонанд, ки рӯзе меояд, ки бояд ҳисобу китоб шаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «