Тафсири Сураи Касас Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 72
قُلۡ اَرَءَيۡتُمۡ اِنۡ جَعَلَ اللّٰهُ عَلَيۡكُمُ النَّهَارَ سَرۡمَدًا اِلٰى يَوۡمِ الۡقِيٰمَةِ مَنۡ اِلٰـهٌ غَيۡرُ اللّٰهِ يَاۡتِيۡكُمۡ بِلَيۡلٍ تَسۡكُنُوۡنَ فِيۡهِؕ اَفَلَا تُبۡصِرُوۡنَ ٧٢
Қул араайтум ин ҷаъалаллоҳу ъалайкуму-н-наҳара сармадан ила явми-л-қийамати ман илаҳун ғайруллоҳи яътӣкум би лайлин таскунуна фӣҳи а-фа ла тубсирун. 72.
72. Бигӯ: «Оё дидаед, ки агар Худованд бар шумо рӯзро то рӯзи қиёмат поянда гардонад, кист маъбуде ғайри Аллоҳ, ки ба шумо шабро биёрад, ки дар он ором гиред? Оё намебинед?!
Ҳар субҳ Офтоб тулӯъ мекунад ва дунёро мунаввар мегардонад ва шомгоҳон ғуруб мекунад ва шаб бо торикии худ ҳукмфармо мешавад. Ба ин оят (нишона)-и Аллоҳ таъоло, ки ба қудрати беҳамтои Ӯ далолат мекунад, аксари мардум чунон улфат гирифта ва чунон одат кардаанд, ки ҳаргиз дар фикри он нестанд ва дар бораи он чандон андеша ҳам намекунанд. Ҳоло барои ҳушдори ғофилон, дар ин оят, Худованд аз неъматҳои бузурги Худ ёдовар шуда ба ҳабиби Худ (с) амр кардааст, ки ба мушрикон (кофирон) бигӯ, ки эй ғофилон, оё намебинед, ки агар Худованд рӯзро то қиёмат чандон дароз кунад, ки дигар асло шаб нашавад ва ҳама чиз меваҳо, сабзавот ва дигар ашё сӯхта равад, оё ғайри Ӯ таъоло касе ҳаст, ки шабро биёрад, то шумо аз машаққатҳо мондашавӣ ва дигар хастагиҳо истироҳат кунед? Чаро бузургии Парвардигорро қабул намекунед?
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «