Тафсири Сураи Касас Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 74
وَيَوۡمَ يُنَادِيۡهِمۡ فَيَـقُوۡلُ اَيۡنَ شُرَكَآءِىَ الَّذِيۡنَ كُنۡتُمۡ تَزۡعُمُوۡنَ ٧٤
Ва явма юнадӣҳим фа яқулу айна шуракаия-л лазӣна кунтум тазъумун. 74.
74. Ва (ёд кун) рӯзеро, ки овоз диҳад онҳоро, пас, гӯяд: «Куҷоянд он шарикони Ман, ки гумон мекардед?».
Ояти мазкур айнан мисли ояти 62-юми ҳамин сура аст. Ҳоло бо такрор омадани он, шояд таъкид барои он бошад, ки ҳеҷ гуноҳе монанди ширк ғазаби Худовандро бисёр намеорад. Ва ҳеҷ чиз монанди тавҳид (Худоро якка донистан) ризоии Аллоҳро бисёртар ҷалбкунанда нест. Ва саволе, ки дар ояти 62-юм барои мушрикон гузашт, мумкин дар ҳолати танҳоӣ ба онҳо муроҷиъат шавад ва бори дигар омадани ин савол шояд барои шармсор шудани онҳо дар маҳзари ом бошад.
Хулоса, баъди овардани далелҳои далолаткунанда ба ҳақ будани тавҳид ва ботил шудани ширк Худованд барои дилкӯб шудани мушрикон бори дигар фармудааст, ки эй шахси мухотаб, рӯзеро ба хотир биёред, ки дар он рӯз Худованд мушриконро нидо мекунад, ки эй мушрикон, он бутҳое, ки онҳоро шарики Ман мепиндоштед, ҳоло дар куҷоанд, то ба кӯмаки шумо шитобанд ва шуморо аз ин вартаи ҳалокат наҷот диҳанд?!
Ояти зер сарзаниши дигарест барои мушрикон.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «